Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
глобализатсияи бозори молӣ, молиявӣ ва илмию техникӣ;
гузаштан ба иқтисоди бозорӣ дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ;
минтақавикунонӣ ва коркарди системаи глобалии ҳимояи моликияти зеҳнӣ.
Хусусияти доштани моликияти зеҳниро, хусусияти нархгузории ин соҳа муайян месозад. Монополия барои истифодаи моликияти зеҳнӣ имкон медиҳад, ки фоидаи иловагӣ ва рентаҳои гуногунро соҳибмулкон ба даст биоранд, чунки он ба фаъолияти соҳибкорӣ не, балки аз истифодаи моликият ба даст оварда мешавад.
Бинобар ин нархи рентаи зеҳнӣ ба рентаи замин монанд мебошад. Мазмуни иқтисодии рентаи технологӣ ва замин фоидаи иловагие мебошад, ки дар натиҷаи монополияи истифодаи донишҳо ва захираҳои табиӣ дар объекти хоҷагидорӣ ба вуҷуд меоянд.
Асоси моддию молии моликияти зеҳниро маҳсулоти зеҳнӣ ташкил медиҳад, ки натиҷаи эҷодкории шахсони алоҳида, ё коллектив мебошад. Маҳсулоти зеҳнӣ шаклҳои гуногун дорад:
кашфиёт ва ихтирооти илмӣ;
натиҷаи корҳои технологӣ ва лоиҳавӣ;
намунаи моли нав;
техника ва маводҳои нав;
технологияи нав;
илмию истеҳсолӣ, қосалтингӣ;
иқтисодию молиявӣ;
идоравӣ, хизматҳои маркетингӣ;
эҷодкориҳои адабиёти бадеӣ ва ғайра.
Объекти моликияти зеҳнӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқӣ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ аст. Мафҳуми моликияти зеҳнӣ ду шакли объект - моликияти саноатӣ ва ҳуқуқи муаллифро дар бар мегирад.
Ба моликияти саноатӣ ихтироот, моделҳои зарурӣ, намунаи саноатӣ, нишонаҳои молӣ, нишонаи хизматрасонӣ, номгӯи ширкатӣ, ахбори махфӣ ва ғайра дохил мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор