Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳуқуқи муаллифӣ ин бевосита натиҷаи эҷодкории адабиёт ва бадеият (достон, мусиқӣ, тасвиру манзара ва ғайра) аст, ки ин солҳои охир ба объекти доираи илмию техникӣ барномасозӣ илова шудаанд. Номгӯи объектҳое, ки ба ҳайати моликияти зеҳнӣ дохил мешаванд, дар асоси қонуни ҳар як мамлакат бо назардошти ӯҳдадориҳои байналхалқӣ муайян карда мешаванд.

Мувофиқи қарори муайянкардаи банди VIII моддаи 2-и Конференсияи Ташкилоти Байналхалқии Моликияти Зеҳнӣ (ТБМЗ) дар Стокголм 14 июли соли 1967 моликияти зеҳнӣ ҳуқуқи зеринро ба чунин равандҳо дорад:
❖ ба фаъолияти эҷодии илмӣ, ҳунар ва адабиёт;
❖ фаъолияти сарояндагии ҳофизон, сабти овоз, радио, телевизион;
❖ ихтироотҳо дар тамоми соҳаҳои фаъолияти башарӣ;
❖ кашфиётҳои илмӣ;
❖ нишонаи мол, хизматрасонӣ, номгӯи ширкатӣ ва ишораҳои тиҷоратӣ;
❖ ҳимояи рақобати бовиҷдона ва дигар ҳуқуқҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаҳои истеҳсолот, илм, адабиёт ва ҳунар.

Моликияти зеҳнӣ нисбат ба дигар шаклҳои моликият шакли ғайримоддиро дорад, бинобар ин мумкин аст, ки ин моликиятро якчанд маротиба истифода барем, то замоне ки вай кӯҳна нашавад. Соҳиби ин моликият ҳуқуқи мутлақи монополӣ дорад, бо он мазмун ки касе дигар наметавонад аз ҳисоби истифодаи ин моликият фоидаи иловагӣ ба даст орад. Бинобар ин моҳияти асосии системаи ҳимояи моликияти зеҳнӣ ба истифодбарии объектӣ ва бо ивази ҷудо кардани ахбор оиди ин объектҳо додани ҳуқуқи мутлақ ба шумор меравад.

Муҳофизати моликияти зеҳнӣ асоси фаъолияти навоварӣ мебошад. Ҳимояти вай асосан системаи патентӣ мебошад, ки метавонад фаъолияти навоварии ширкатро ҳавасманд намояд, ё суст намояд. Мавҷуд набудан, ё маҳрум шудан аз ҳуқуқҳои патентӣ ин баробари аз даст додани моликият мебошад. Бинобар ин муҳофизат ва аз байн бурдани рақобати бевиҷдонона ба ҳайати мақсадҳои стратегии ташкилотҳо ва давлат дохил мешаванд.

Фарқияти ҳуқуқи патентӣ ва муаллифӣ. Ҳуқуқи мутлақ ба соҳиби патент дода мешавад, ки ба моҳияти объекти моликияти саноатӣ нигаронида шуда, имконоти истифодаи тиҷоратии онро пайдо месозад ва имкони ахбори ҷамъиятро доир ба он ба вуҷуд меорад.

пешина
аз 512
навбатӣ