Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар Англия аз тарафи Генрихи VI дар соли 1449 ба шаҳрванди Филомандия Д.Ҷон аз Югиман барои тайёр кардани шишаҳои рангаи тирезаҳо дода шудааст.

Дар баробари пайдо шудани патенти давлатӣ, ҷамъият имкон пайдо кард, ки ахбори ошкороро оид ба ихтироот гиранд. Дар баробари системаи патенти ҳуқуқи моликиятдорӣ ба меҳнати зеҳнӣ ба созандагони мошиноти аввалин пайдо гашт, ки ин ба афзоиши босуръати воситаҳои истеҳсолот оварда расонид. Қонунҳои патентӣ дар мамлакатҳо чунин қабул шуданд: ШМА дар соли 1787, Фаронса соли 1791, Россия соли 1812, Голландия 1817, Испания ва Австрия, соли 1820, қайдгирии нишонаҳои мол дар Англия аз соли 1875 сар шудаанд.

Ғайр аз ин дар ин давра асоси ҳимояи байналхалқии моликияти зеҳнӣ гузошта шудааст. Қарордодҳо оид ба ҳимояи моликияти зеҳнӣ ба инкишофи мубодилаи технологии ширкатҳои давлатҳои гуногун ва пайдоиши бозори байналхалқии технологӣ оварда расонд.

Омили дигари муҳим он буд, ки пайдоиши муносибати мол ба доираи технологӣ ва ба инкишофи илмии ба талаботи амалӣ нишонгир оварда расонид. Якумин лабораторияҳои саноатӣ ва марказҳои тадқиқотӣ дар миёнаи асри XIX пайдо гаштанд. Дар давраи инқилоби илмию техникӣ илм ба сектори мустақили иқтисодӣ мубаддал мегардад.

Дар иқтисоди бозоргонӣ рӯйпӯш кардани хароҷотҳои меҳнати илмӣ аз тарафи соҳаҳое, ки маҳсули меҳнатро истифода мекунанд, хислати муносибатҳои молию пулиро мегирад. Ин муносибатҳо дар асоси амиқтар шудани тақсимоти меҳнат байни илм ва истеҳсолот инкишоф ёфта, зарурати васеъшавии мубодилаи ин молро пайдо месозад. Инқилоби илмию техникӣ инкишофи мубодилаи маҳсулоти меҳнати зеҳниро мусоидат намудааст. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон бозори байналхалқии литсензия ташкил карда шуд, ки асоси бозори моликияти зеҳнӣ гардид.

Дар нимаи охири асри XX аллакай бозори моликияти зеҳнӣ ташаккул ёфта, ба ин омилҳои зерин таъсир намуданд:

табдил додани дониш ба омили асосии инкишофи иқтисодӣ ба захираи асосии технологияи ахборӣ;

баромадан ба бозори объектҳои нави моликияти зеҳнӣ;

пешина
аз 512
навбатӣ