Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
роҳбарияти болоӣ ва сохторҳои он қабул шудааст.
сохтори навоварии нарм - додани ҳуқуқи зиёд ба сохторҳои поёнӣ доир ба қабули қарорҳои навоварӣ бо мувофиқакунонии ҷузъӣ, табақаи бо боло.
Ду омили қабули навовориҳо дар корхонаҳо дида мешаванд, ки онҳо омили дохила ва беруна мебошанд:
Омили беруна ба се қисм тақсим мешавад: рақобат, талабот ва омилҳои техникию истеҳсолӣ.
Омилҳои дохила инҳо мебошанд:
муносибати роҳбарият ба навоварӣ;
содда будани монеаи алоқамандии байни сохторҳои таркибӣ ва коргарон;
зарурият ва обрӯи фаъолиятҳое, ки аз ташкилот берун мебароянд;
дараҷаи мустақилияти дохилии сохторҳои таркибӣ;
дараҷаи баррасии ҷиддии масъалаҳои навоварӣ;
мавҷудияти имконоти ташаббуси ташкили сохтори таркибии нав;
мавҷуд будани имконоти беҳтар кардани маҳсулот ва ҷараёнҳо;
дараҷаи инкишофи инфраструктураи илмию техникӣ;
мавҷудияти системаи навоварии барқароркунӣ.
Ташкили фаъолияти навоварӣ дар ташкилотҳо барои батартибдарории ҷараёни тавлиди ақидаҳои нав, кофтуков ва коркарди қарори техникӣ, ташкили навоварӣ ва амалигардонии он равона карда шудааст.
Механизми ташкилӣ ба ташаккул ва дигаргунсозии сохторие, ки ҷараёнҳои навовариро ҷорӣ месозанд, равона карда шудаанд. Чунин фаъолият дар шаклҳои гуногун ба вуҷуд меоянд, ки асосашон инҳо мебошанд: сохтан, паҳнкунӣ, баҳамонии навоварии бозорӣ, ҷудокунӣ.
Сохтан - ин ташкили корхонаи нав, сохтори таркибӣ, ё шӯъба, ки фаъолияти навовариро мегузаронад. Чунин қоида ба корхонаҳои калон аслан хос мебошанд. Аз рӯи ақидаи аксари муаллифон барои самаранокии фаъолияти навовариро баланд бардоштан, сохтори алоҳидаи навовариро ташкил кардан муҳим аст.
Ташкилотҳои мустақилли илмию техникӣ буҷаи алоҳидаи худро дошта, онҳо ихтирооти худро ба ташкилотҳо мефурӯшанд. Чунин вазъият ҷавобгариро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор