Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

саноат. Инчунин якчанд институтҳои миллии тадқиқотҳои технология ва илмию техникии пешқадам амал мекунанд.

Тамоюли умумии инкишофи давлатҳои Аврупои Ғарбӣ бошад, ба истифодаи комплекси механизмҳои дастгирии фаъолиятҳои навоварӣ бо роҳи дастгирии бевосита дида мешаванд. Яъне барои ҳаргуна имтиёзҳои андозӣ, молиягузорӣ ва қарзӣ, инчунин дастгирии бизнеси хурду миёна охири солҳои 90-уми асри ХХ ҳукумати аксари давлатҳои Аврупои Ғарбӣ барномаи ҳавасмандкунонии фаъолияти навобариро пеш гирифтанд, ки ба густариши фаъолияти навоварӣ равона карда шудаанд.

28.4. Идоракунии навоварӣ дар доираи ташкилотҳо

Қобилияти ташкилотҳо дар ташкил ва амалигардонии навоварӣ пеш аз ҳама ба қабули навоварӣ вобаста мебошад.

Қабули навоварӣ гуфта, қобилият ва ҳавасмандии навсозии доимии омилҳои истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоту хизматҳо, бо самаранокии баланд мебошад.

Ҳангоми муҳокимаи мафҳуми қабули навоварӣ ду ҳолат бояд дар назар дошта шавад:

шакли навоварӣ ва хислати марказонидани ин ҷараён;

шакли сохтории системаи дохилии навоварӣ.

Вобаста аз ин категорияҳои зерини навоварӣ ҷудо карда мешаванд:

  1. Ду шакли навоварӣ вуҷуд дорад — марказонидашуда ва ғайримарказонидашуда.

Навоварии марказонидашуда ин навоварие, ки қарори амалигардониаш дар дараҷаҳои баланди идоракунии ташкилотҳо қабул карда шудааст.

Навоварии ғайримарказонидашуда ин шакле, ки коркард ва амалигардониаш дар табақаҳои поёнии идоракунӣ қабул карда шудааст.

  1. Ду сохтори системаи дохилии навоварӣ ҷудо карда мешавад: сохтори навоварии қатъӣ ва сохтори навоварии нарм.

Сохтори навоварии қатъӣ ин мавҷуд будани системаи пешакӣ муайяншудаи коркард ва ҷорӣ намудани навоварӣ, ки дар асоси қарори

пешина
аз 512
навбатӣ