Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
месозанд. Агар равандҳои молиягузории КИТ-ро аз ҳисоби буҷаи ШМА бубинем, дар соли 2002-юм чунин мебошад:
Ҷадвали 1
Равандҳои бартариятноки молиягузории КИТ дар лоиҳаи буҷаи ШМА
дар соли 2002-юми молиявӣ
№ | Объекти гузаронидани тадқиқот | Ҳиссаи дар хароҷ.
КИТ % 1. | Мудофиа | 54 2. | Тандурустӣ, тиб, илм дар бораи одам | 24 3. | Азхудкунии кайҳон | 8 4. | Энергетика | 5 5. | Тадқиқоти илмии бунёдӣ | 3 6. | Дигар бахшҳо | 6
Маъмурияти ШМА маблағгузории КИТ-ро дар соли 2002-юм ба 87,2 млрд. доллар ҷудо намудааст, ки он нисбат ба соли 2001-ум 11% зиёд мебошад.
Аслан бартариятҳо ба равандҳои зерин дар КИТ ШМА дар соли 2001-ум дода шуда буд:
- Ташаббуси миллӣ дар соҳаи технологияи нав.
- Корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи технологияи ахборӣ.
- Ташаббус дар соҳаи энергетика.
- Омӯзиши системаи экологӣ.
- Барномаи америкоии омӯзиши иқлим ва тағйиротҳои глобалӣ.
- Ташаббуси байнисоҳавӣ дар соҳаи маориф.
- Ҳимоя аз хатарҳо дар асри XXI.
- Пайдоиши касалиҳои сирояткунанда.
- Бехатарии соҳаи ҳавопаймоӣ.
- Генорастаниҳо ва биотехнология.
Дар мамлакати инкишофёфтаи Ҷопон бошад мавқеи асосиро чор ташкилот
мебозад: Шӯрои илму техника дар назди сарвазир, Агентии илму технология,
Вазорати маориф, илм, варзиш ва маданият, Вазорати тиҷорати хориҷа ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор