Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
мафҳум фаҳмишҳои гуногун дида мешавад: Мувофиқи тадқиқоти ОЭСР се шакли муайян кардани ин мафҳум вуҷуд дорад:
-
Соҳаи стратегӣ гуфта, ҳамон соҳаи саноатро меноманд, ки бо кӯмаки ташкили технологияи нав, таъсири назарраси мусбат ба инкишофи аксари дигар соҳаҳо, саноат, ширкатҳо ва маҳсулоти истеъмолӣ мерасонад.
-
Соҳаи стратегӣ гуфта, соҳаеро меноманд, ки маҳсулоташ барои инкишофи бисёр соҳаҳои иқтисодӣ зарур мебошад.
-
Соҳаи стратегӣ - соҳаи саноатеро меноманд, ки моҳияти муҳим барои бехатарии миллӣ дорад.
Маълум мегардад, ки муайянкунии якум ва дуюм махсусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалия наздик мебошад ва дар шароити имрӯза шарту зарур дониста мешавад.
Дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дастгирии «соҳаи стратегии» саноатӣ чӣ дар дараҷаи давлатӣ ва чӣ дар дараҷаи байнидавлатӣ дида мешавад. Инкишофи нақлиёти роҳи оҳани тезгард ва электроника дар Фаронса, саноати кайҳоннавардии Бритониёи Кабир, Олмон ва Итолиё, тайёрасозӣ дар Нидерландия ба ин мисол шуда метавонад.
Дар мавқеи байналхалқӣ Аврупои Ғарбӣ қувваҳои худро барои баланд бардоштани дараҷаи технологӣ ва илмию техникии иттиҳодияҳои миллӣ барои рақобати ширкатҳои ШМА, Ҷопон ва дигар давлатҳои Осиё равона месозад.
Муайян шудааст, ки иштибоҳ кардан дар соҳаҳои стратегӣ барои давлат хеле гарон меафтад. Бинобар ин масъалаи интихоби технология ва маълум намудани соҳаҳои стратегии давлатӣ, яке аз вазифаҳои муҳими сиёсатмадорон мебошад.
Дар шароити имрӯза масъалаи муайян намудани равандҳои бартариятноки илмию техникӣ ва сиёсати навоварӣ барои тамоми давлатҳои ҷаҳон масоили аввалдараҷа мебошад. Ин давлатҳо ба монанди Россия, ШМА, Ҷопон, Хитой, Бритониёи Кабир, Исроил, Финляндия, Тайван, давлатҳои Араб мебошанд.
Таҷрибаи аксари давлатҳои ҷаҳонӣ, ки дар боло номбар намудем, нишон медиҳад, ки онҳо аллакай баъзе равандҳои асосии соҳаҳои стратегии худро дар аввали асри XXI муайян намудаанд. Мисол, дар яке аз барномаҳои раиси кумитаи оид ба палараи илмии ШМА омадааст: Донишҳои илмӣ аксаран инкишофи иқтисоди миллӣ ва рақобатнокии онро дар мавқеи ҷаҳонӣ муайян

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор