Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳар як мамлакат масъаларо вобаста аз шароитҳои аниқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, анъанаҳои талаботи иқтисоди миллӣ ва имконоти истеҳсолии худ, мавҷудияти захираҳои башӣ, молиявӣ, табиӣ ва сармоя ҳал мекунад. Дар баробари ин боз қонуниятҳои умумие вуҷуд дорад, ки дар ин, ё он шакл қариб ба ҳамаи давлатҳо хос мебошанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ имконоти васеи иқтисодии истифодаи амалии идоракунии навовариро дар макро ва микродараҷаҳо дорад.
Вазифаи муҳими менеҷмент дар макродараҷа интихоб ва истифодабарии шароитҳои самаранок ва аниқи воситаҳои идоракунии ҷараёни навоварӣ ва равона сохтани захираҳои мавҷуда ба ихтиёри ҷамъият мебошад.
Зарурияти дастгирии давлатии КИТ дар саноат аз он иборат мебошад, ки аз як тараф, мақоми калони рушди технология дар таъминоти инкишофи иқтисодӣ, аз тарафи дигар, бахши хусусӣ, на ҳамеша имкон ва хоҳиши молиягузории КИТ-ро дорад, чунки таваккали калон дар вақти тадқиқот ва амалӣ гаштани он дида мешаванд.
Барои дастгирии КИТ дар саноат аз тарафи давлат аслан механизми универсалии иқтисодӣ истифода карда мешавад, яъне ҷорӣ намудани лоиҳаҳо ва молиягузориҳо, ки то 50% арзиши лоиҳаи махсусро таъмин месозад. Инчунин истифодаи васеи андозҳои имтиёзнок ва қарзҳо, кафолати давлатӣ ва молиягузорӣ бо роҳи иштироки давлат дар сармояи саҳҳомӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
Солҳои охир муносибатҳои давлатҳои пешқадам ба КИТ хислати интихобӣ пайдо кард. Мутамарказияти асосии дастгирии давлатӣ дар равияҳои муайян, ки барои ҳалли масъалаҳои зерин равон аст, амиқ дида мешавад:
- дастгирии бахши хусусӣ барои азхудкунии технологияи пешқадам, ки моҳияти муҳим барои баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии бозори ҷаҳонӣ дорад;
- зиёд кардани қудрати илмию техникии бизнеси хурд ва миёна;
- беҳтар кардани инфраструктураи КИТ дар саноат.
Сиёсати давлатии солҳои охир дар аксари давлатҳо ба дастгирии бартариятноки «стратегӣ» равона карда шудааст. Дар адабиётҳо оид ба ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор