Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Умуман се гурӯҳи меъёрҳоро ҷудо кардан мумкин аст, ки ба стратегияи ин ё он система истифода карда мешаванд:

  1. Шакли сиёсати навоварӣ, ки дар доираи он стратегия амалӣ мегардад.
  2. Хислати бартариятҳои давлатӣ, ки ба объекти таклифоти стратегӣ истифода карда мешавад.
  3. Ҳолати объекти номбаршуда.

Ташаккули стратегияи навоварӣ вобаста аз равандҳо ва хислати дастгирии давлатӣ.

Расми 3.

Равияи дастгирӣХислати дастгирӣДавраҳои ҷараёни навоварӣ
ТадқиқотКоркардИстеҳсолот
Ҷараёнҳои дохилаДастгирии бевоситаСтратегияи молиягузории бунёдӣСтратегияи молиягузории татбиқӣСтратегияи молиягузории охирон
Дастгирии бавоситаСтратегияи молиягузории бунёдӣСтратегияи ба анҷом расидани корСтратегияи дастгирии навоварии худӣ
Ҷалб кардани навоварии берунаДастгирии бевоситаСтратегияи тадқиқоти воридотСтратегияи анҷоми дохилаСтратегияи гузаронидани навоварӣ
Дастгирии бавоситаСтратегияи ҷалб кардани зеҳнӣСтратегияи ба анҷомрасонии кори тӯлонӣСтратегияи натиҷаи охирон

Аксари давлатҳои инкишофёфтаи саноатӣ ояндаи худро ба интихоби роҳи устувори иқтисодӣ, ки асосашро навоварӣ ташкил медиҳад, медонанд. Яъне истифодаи васеи навигариҳои илм ва техника — ахбори технологӣ, инкишофи биотехнология, гузаштан ба истеҳсолоти кампартов ва бепартов ба роҳ монда мешавад.

Бинобар ин қабули навоварӣ дар корхонаҳо ва комилан дар иқтисодиёт, яке аз вазифаҳои асосии инкишофи саноати давлатҳои пешқадами ҷаҳонӣ мебошад.

пешина
аз 512
навбатӣ