Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
ба маҳсулоти навоварӣ вобаста аз талаботи бозор ва мақсадҳои ташкилотҳо зиёд менамояд.
Сохторҳои дохила - сохторҳое, ки бевосита ба амалигардонии навоварӣ сарукор дошта, ба қисмати поёнии нави бозор нишонагирӣ доранд.
Механизми дигари ташкилие, ки истифода карда мешавад, ин паҳнкунии навоварӣ мебошад. Аслан ширкатҳои калон бо якчанд ташкилотҳо ва сохторҳои навоварӣ шартнома баста, ҳамчун объекти амалигардонии навоварӣ хизмат менамоянд. Дар ин ҳолат мӯҳлати баромадани маҳсулоти нав хеле кӯтоҳ гардида, корхона аз ҷорӣ кардани навоварӣ фоидаи зиёд мегирад.
Барои мавзеи калонро гирифтани амалигардонии навоварӣ ва якбора ҷорӣ намудани якчанд унсури бо ҳам алоқаманди навоварӣ, баҳамонии бозории навоварӣ зарур мебошад. Мазмуни ин механизм дар ташкили муҳити навоварӣ дар ташкилотҳо дида мешавад, ки муносибати онҳо барои амалӣ гардонидани навоварӣ кӯмак мерасонанд. Дар баъзе ҳолатҳо ташкилотҳо як сохтори таркибии худро ба ташкилоти мустақили навоварӣ созмон дода, дар навбати аввал кӯмак карда, баъдан ин ташкилот мустақилона амал мекунад. Ғайр аз ин ҳар як ташкилот боз стратегияи навобарии худро ташкил мекунад, ки аслан вазифаҳои зеринро дар дараҷаи макро ба ӯҳда доранд:
-
таъмини сохтории маҳсулот аз рӯи силсилаи ҳаётии навоварӣ аз рӯи
давраҳои интихобӣ; -
муайян кардани сарчашмаҳои пайдоиши навоварӣ;
-
таъмини баробарии оқилона байни навобарии рангҳои гуногун;
-
пешбинӣ ва фаҳмидани хатари ивазшавии технологӣ ва функционалӣ.
Мавҷудияти боустувори корхонаҳо аз он вобаста мебошанд, ки то чӣ андоза онҳо метавонанд ивазшавии технологӣ ва функционалиро пешгӯӣ намоянд.
Дигаргуншавии технологӣ ба он оварда мерасонад, ки зарурияти истеҳсоли маҳсулот бо роҳи кӯҳнаи дар корхона вуҷуддошта аз байн меравад. Дар дохили корхона ва берун аз он навовариҳо усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулот пайдо мешаванд ва мумкин аст, ки рақибони ватанӣ ва хориҷии мо аллакай онро истифода мекунанд.
Дигаргуншавии функционалӣ - ин пайдоиши моли нав ба ҷои моли кӯҳна аст, ки функцияи маҳсулоти пешинаро дар дараҷаи баландтар иҷро мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор