Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
мекунад. Хусусияти хоси «ҳаракати» ахборе, ки барои назорат зарур мебошад, аз кулли ахборҳо қисми ками онҳо нақши асосӣ мебозанд.
Ба қатори чунин омилҳои асосии ахборӣ дохил мешаванд:
❖ ҳайати корхона (дараҷаи дониш ва фаъолият);
❖ технологияи истеҳсолӣ (ҳамчун омили ҳосилнокӣ ва арзиши аслии маҳсулот);
❖ мол, ҳамчун воситае, ки «фонда» ба даст меорад;
❖ дигар омилҳои беруна.
Объектҳои асосӣ, ки системаи назоратро ташкил мекунанд, инҳо мебошанд:
Расми 12. Объектҳои асосие, ки системаи назоратро муайян мекунанд.
Шакли назорат доир ба ҳар як объекти назоратӣ вобаста аз рӯи пайдоиш ва ҳаракати ахборе, ки худаш барои назорати систематикӣ зарурат дорад, хусусият ва қонуниятҳои хоси худро дорад. Бинобар ин менеҷерон бояд дарк намоянд, ки қоидаи ҳаракати ахбор шакли ахромро дорад, аз поён мураккаб буда, коркард, аниқкунӣ ва батартибдарориро талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё