Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Такя кардан ба стандартҳои байналхалқӣ, ё шарту қоидаҳои қатъии ҳавасмандкунӣ.

  2. Мақсаднокии иқтисодӣ ва имкони ташкилот.

Қоидаҳое, ки дар боло номбар карда шуданд, бояд ба чор саволи асосии зерин ҷавоб дода тавонад:

  1. Чиро назорат бояд кард?

  2. Дар кадом нуқтаҳо (дар куҷо?) ташкили назорат мувофиқи мақсад аст?

  3. Дар кадом вақт ва кадом давра функцияи назоратӣ бояд гузаронида шавад?

  4. Назорати заруриро ки бояд таъмин намояд?

Таҷрибаи менеджменти ҷаҳониён нишон медиҳад, ки назорати умумӣ новобаста аз хароҷоти хеле зиёд ва меҳнати тоқатфарсо, дараҷаи зарурии натиҷагириро таъмин карда наметавонад. Бинобар ин, дар натиҷаи таҷрибаи чандинсолаи соҳаи мазкур қоидаи диққати асосӣ додан ба нуқтаҳои асосӣ ва муҳим пайдо гашт.

Мо бояд донем, ки кадом унсури фаъолияти ташкилот асосӣ ва муҳим мебошад. Ба ин нуқтаҳо асосан «аввал» ва «охири» фаъолиятро оиди ҳар як кори аниқ ба назар мегиранд.

Мувофиқи қонуни Парето қариб 20% чунин нуқтаҳо вуҷуд дорад, ки 80% масоилҳои мавҷударо ҳал мекунад. Дар чунин ҳолат ба менеҷерон зарур мебошад, ки диққати асосиро ба ин унсурҳо равона созанд.

Назорати интихобӣ моҳияти хеле калон дошта, ҳатто концепсияи махсуси фаъолияти менеҷерро ба худ гирифтааст:

Менеҷери пурсамари ҳамон шахс шуда метавонад, агар қувваи худро ба назорати ҳамон фаъолияте равона созад, ки инкишофи онҳо дар нақша нишон дода шудааст ва метавонанд масоилҳо ва монеаҳои ногаҳон пайдошударо аз байн бардорад.

Мазмуни концепсияи дар боло гуфташуда боз як бори дигар гувоҳи он аст, ки истифодаи усулҳои назорат «дар ҳолатҳои махсус» бояд истифода карда шаванд.

Доир ба объектҳои назорат бояд қайд кард, ки дар омилҳои дохила таъсири идоракунӣ зарур буда, омили беруна ахбори саривақтии дурустро талаб

пешина
аз 512
навбатӣ