Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Консепсияи назоратие, ки қабул карда шудааст, ҳамчун нуқтаи назари асосузор дар доираи се унсур ташкил карда мешавад:

  1. Фикру ақидаҳои роҳбарон доир ба ҳайат.
  2. Хислати муносибатҳои коргарон вобаста аз сохтори ташкилии корхона.
  3. Дараҷаи малакаи дониши ҳайат, менеҷерон ва иҷрокунандагон.

Расми 11. Унсурҳои асосии консепсияи назорат

Қоидаҳои назорат дар асоси шароити корхона, малакаи дониши ҳайати корхона, менеҷерон ва иҷрокунандагон ташкил карда мешавад. То замоне, ки малакаи дониш дараҷаи заруриро нагирифтааст, назорат бояд қатъӣ буда, як қисми идоракунӣ ба итоати бечунучаро асос ёфта бошад. Вазифагузории назорат ба дигарон танҳо дар ҳолате татбиқ мешавад, ки агар дониши баланди ҳайат вуҷуд дошта бошад.

Яке аз усулҳои инкишофёфтаи назорат дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ ин «роҳи инспекциявӣ», яъне назорат дар шакли тафтишҳои давраҳои муайян мебошад. Таҷрибаи менеҷмент нишон медиҳад, ки новобаста аз усулҳои назорат дар зинаҳои роҳбарӣ шаклҳои гуногуни қоидаҳоро истифода кардан мумкин аст:

  1. Ба оянда равона шуда, на муваққатӣ, балки доимӣ ва мақсаднок буданро эҳсос кардан.
  2. Нишонагирӣ ба натиҷагирии муайян.
  3. Диққат додан ба унсурҳои асосӣ дар раванди кор.
  4. Саривақтӣ, оддӣ ва ёзанда.
пешина
аз 512
навбатӣ