Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 13. Мақсаднокии «коркард» ва гурӯҳбандии ахбори назоратӣ.
Аз ду аҳроми қаблан сабтгашта маълум мегардад, ки фақат як унсури оддии ахбор чӣ хел мураккаб буда, назоратро метавонад ба ҳар тараф равона созад. а) ахбори бе коркард-вазъиятӣ; б) ахбори коркардашуда нишон медиҳад, ки на ҳамаи ахбор барои қисми олӣ зарур аст, чунки қисме аз онҳо дар табақаи 1-ум, қисми дигаре дар табақаи 2-юм ҳалли худро ёфта, аз байн мераванд. Ба қисми олӣ ахбори пурраи коркардашудаи зарурӣ бояд равад, ки аз рӯи он қарори дахлдор қабул карда шавад.
Таҷрибаи менеҷмент исбот намудааст, ки самаранокию натиҷавии назоратӣ дар асоси чор унсури зарурӣ таъмин намудан мумкин мебошад.
Расми 14. Сохтори унсурҳои функцияи «Назорат»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё