Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Системаи пардохтҳо ҳангоми истифодаи канданиҳои фоиданок:
❖ пардохт барои истифодаи конҳо;
❖ пардохт барои такрористеҳсоли базаи маъданию ашёӣ;
❖ аксияҳо;
❖ пайсупориҳо барои иштирок дар озмунҳо;
❖ пардохт оид ба ахбори геологии конҳо.
Пардохт барои об ин пардохти корхонаҳо ва ташкилотҳо барои истифодаи об, ки мувофиқи меъёрҳо муайян карда шудааст. Асоси меъёри пардохтро хароҷотҳои тайёркунӣ, нигоҳдории сарчашмаи об ва то истеъмолкунанда расонидани он ташкил мекунанд. Дар баъзе соҳаҳо системаи як, ду ва седараҷагӣ муайян шудааст, ки корхонаҳо вобаста аз миқдори истифодаи об ва ҳолати он пардохти об месупоранд.
Пардохт барои захираҳои ҷангал чунинанд:
❖ иҷорапулӣ;
❖ иловапулии ҷангал;
❖ ҷарима барои буридани ҷангал;
❖ пардохт барои дарахтҳои нодир.
Пардохт барои захираҳои олами ҳайвонот. Системаи пардохтҳо барои истифодабарии олами ҳайвонот:
❖ пардохт барои истифодаи олами ҳайвонот;
❖ ҷаримаҳо барои зиёда аз лимит ва ғайрисамаранок истифодабарии олами ҳайвонот.
Пардохти маблағ барои истифодаи сарватҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити табиӣ дар асоси қоидаҳои истифодабарии сарватҳои табиӣ муайян карда мешаванд, ки яке аз методҳои менеҷменти экологӣ мебошад.
Яке аз системаҳои пардохт ин муайян кардани самаранокии иқтисодии чорабиниҳои муҳофизати муҳити табиӣ ва баҳои зарари иқтисодӣ ва тарзи ҳисоб кардани зарари он, ки бо сабаби қонуншиканӣ ба миён омадааст, мебошад. Мувофиқи ин ҳуҷҷатҳо ду усули муайян кардани пардохт вуҷуд дорад:
- Пардохт аз рӯи зарари пурраи иқтисодӣ, ки дар натиҷаи ифлос кардани муҳити табиӣ ба вуҷуд омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор