Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
андози замин;
иҷорапулӣ;
нархи меъёрии замин.
Андози замин ин пардохт барои ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин мебошад. Андози замин аз заминдорон, заминистифодабарандагон ва соҳибмулкон гирифта мешаванд. Асос барои муайян кардани андози замин ҳуҷҷатҳое мебошад, ки ҳуқуқи моликиятдорӣ, ё истифодабарӣ ва ё заминдориро гувоҳӣ медиҳад. Ҳаҷми андози замин ба як воҳиди замин ба як сол муайян карда мешавад.
Андози замин аз натиҷаи хоҷагидорӣ вобастагӣ надошта, фақат сифати замин ва намуди он ба инобат гирифта мешавад. Ғайр аз ин ҳаҷми аниқи андози замин аз сифати он, арзиши сохтмони шаҳрӣ, мақоми шаҳрҳо, миқдори аҳолӣ ва ғайра вобаста мебошад.
Имтиёзҳоро оиди андози замин ташкилотҳои минтақавии ҳокимияти давлатӣ метавонанд муайян созанд. Маблағҳое, ки аз ҳисоби андози замин ҷамъ мешаванд, бевосита мақсаднок мебошанд:
барои молиягузории оиди заминсозӣ;
ҷорӣ кардани кадастри замин;
мониторинги захираҳои замин;
азхудкунии заминҳои нав;
муҳофизати замин ва баланд бардоштани ҳосилхезии он;
беҳтаркунии муҳандисӣ ва иҷтимоии мавзеӣ.
Иҷорапулӣ ин пардохтест, ки барои замини ба иҷора додашуда гирифта мешавад. Ҳаҷми иҷорапулӣ аз рӯи баҳои иқтисодии қитъаи замине, ки ба иҷора дода мешавад, инчунин хароҷот барои такрористеҳсоли он дар асоси шартномаи дутарафа муайян карда мешавад.
Нархи меъёрии замин ин нишондиҳанда арзиши қитъаи заминро вобаста аз сифат ва ҷойгиршавии он, ки дар давраи ҳисоботи фоида ба даст меорад, меноманд. Ин нишондиҳанда ҳамчун пардохти замин ҳисоб намешавад.
Дар ҳолати истифодаи нодуруст, ё ғайрисамаранок ҷарима ва дигар ҷазоҳои иқтисодӣ ба ташкилотҳо ва шахсони инфиродӣ дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор