Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Пардохт барои истифодаи сарвати табиӣ берун аз лимит ва нодуруст истифодабарии сарватҳои табиӣ.

  2. Пардохт барои такрористеҳсол ва муҳофизати сарватҳои табиӣ.

Маблағсупорандагон корхонаҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳое мебошанд, ки аз сарватҳои табиӣ истифода мебаранд ва ба муҳити атроф новобаста аз шакли моликиятдориашон таъсир мерасонанд:

  1. Пардохт барои истифодабарии сарватҳои табиӣ, ин нархи миқдори захираҳо, ё хизматҳое мебошанд, ки дар вақти истифодабарии сарватҳои табиӣ иҷро шудаанд. Дар шакли қонуни пардохт барои сарватҳои табиӣ ин дар шакли андоз муайян карда шудааст, ки ташкилотҳо онро андоз барои захираҳо меноманд.

  2. Пардохт барои истифодаи ғайрисамараноки сарватҳои табиӣ ин шакли масъулиятноки иқтисодии ташкилотҳо мебошад, ки онҳо барои зарари овардаашон ба муҳити зист дар натиҷаи истифодаи ғайрисамараноки сарватҳои табиӣ оварданд, маблағ месупоранд.

  3. Пардохт барои такрористеҳсол ва муҳофизати захираҳои табиӣ ин барқароркунии хароҷоти ташкилот ва муассисаҳо, ки такрористеҳсол ва муҳофизати намудҳои алоҳидаи сарватҳои табииро ба уҳда доранд.

Хусусияти хоси пардохтҳоро дар намуди сарватҳои табиӣ дар асоси таҳлили васеътар дида мебароем:

Пардохт барои замин бо мақсадҳои зерин гирифта мешавад:

ҳавасмандкунии истифодабарии оқилонаи замин;

муҳофизат ва азхудкунии заминҳои нав;

баландбардории ҳосилхезии хок;

батанзимдории вазъияти молиявии хоҷагиҳои кишоварзие, ки дар минтақаҳои гуногун ҷойгир мебошанд;

инкишофи инфраструктураи маҳаллаҳои аҳолинишин;

ташкили фондҳои махсуси молиягузории чорабиниҳои беҳтар кардани заминистифодабарӣ.

Пардохт барои истифодаи замин ба ҳама категорияҳои заминҳо тааллуқ дошта, сарчашмаи он фоидаи истифодабарандагони замин мебошад. Шакли пардохти замин чунинанд:

пешина
аз 512
навбатӣ