Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Механизми экологии батанзимдарорӣ бояд кулли усулҳои бо ҳам алоқаманд ва воситаҳои идоракунии истифодабарии табиатро дар бар гирад.
Дар солҳои 60-70-уми асри ХХ муҳофизати муҳити зист дар асоси системаи маъмури фармондеҳӣ, яъне як қатор манъкуниҳои фаъолият, лимитҳо, давобгариҳои маъмурию ҳуқуқӣ амалӣ мегашт.
Солҳои 80-90-уми асри ХХ барои системаи экология Тоҷикистон ва аксари давлатҳои собиқ Шӯравӣ солҳои муносибати ғоратгарона дар таърихи замънятӣ қайд шудааст, ки боқимондаҳои он боз то 50 солаҳои дигар давом мекунад. Махсусан барои Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷумҳурии аграрӣ дар байни дигар ҷумҳуриҳо шинохта мешуд, хоҷагии қишлоқ пурра монополияи якказироии пахта гашта, дар натиҷа қариб 70% заминҳои обӣ, 65% аҳолии қишлоқҷойҳо ба касалӣ дучор гаштанд, 40% обҳои зеризаминӣ мавзеҳои обёришаванда заҳролуд шудаанд.
Дар шароити имрӯза, ки Тоҷикистон мустақилияти худро эълон намудааст, бояд пурра аз ин қоида на фақат дар кишоварзӣ, балки дар ҳамаи соҳаҳои алоқаманди табиат ва одамон даст кашида, қоидаи нави мувозинати инкишофи босуботро пеш гирем.
Сиёсати иқтисодие, ки имрӯз Тоҷикистон пеш гирифтааст, иқтисоди бозорӣ буда, дар системаи идоракунии экологӣ низ бояд механизмҳои иқтисодии батанзимдарорӣ истифода карда шавад. Ба фишангҳои иқтисодӣ дохил мешаванд:
❖ пардохт барои истифодаи сарватҳои табиӣ;
❖ пардохт барои ифлосшавии муҳити атроф ва нодуруст истифодабарии сарватҳои табиӣ;
❖ пардохтҳо барои партовҳо ва махсусан партовҳои химиявӣ, ки ғӯронидани онҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунад;
❖ ҷорӣ кардани системаҳои гуногуни имтиёзҳо ва сиёсати баргардонидани хароҷотҳои экологӣ, ташкили фондҳои экологӣ ва суғуртаи экологӣ.
Дар қонуни «Муҳофизати муҳити атрофи табии»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи зерини пардохти сарватҳои табиӣ ҷудо карда шудааст:
- Пардохт барои истифодаи сарватҳои табиӣ дар ҳудуди лимити муайяншуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор