Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Пардохте, ки хароҷотҳои чорабиниҳои муҳофизати табииро дар бар мегирад.
Бо сабаби он ки муайян кардани зарари экологӣ - иқтисодӣ як қатор мушкилиҳо дорад, усули дуюм боиси қабул аст. Асоси усули муайян кардани меъёри пардохт қоидаҳои зайл мебошанд:
- пардохт бояд хислати ягонаи байнисоҳавӣ дошта бошад;
- пардохт аз миқдор ва намуди партовҳо вобаста бошад;
- пардохтро аз рӯи таркиби химиявии пардохтҳо бояд муайян созанд;
- пардохт хусусияти экологии минтақаро бояд ба инобат гирад;
- пардохт бояд функцияи ҳавасмандкуниро дошта бошад.
Дар натиҷа ду меъёри ҳудуди иҷозати маводи экологӣ (МЭ) ва ҳудуди иҷозатин консентрат (ҲИК) муайян шудааст.
Асосан пардохт аз ташкилотҳое гирифта мешавад, ки ба табиат таъсири зерин мерасонанд:
-
Ба атмосфера баровардани партовҳои ифлоскунанда аз сарчашмаҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда.
-
Ба обҳо партофтани партовҳои моеъ.
-
Ҷойгиркунии партовҳо.
Яке аз усулҳои асосии идоракунии экологӣ ин молиягузорӣ мебошад, яъне пешниҳоди маблағи муайян барои чорабинии мушаххаси муҳофизати табиат.
Асосан сарчашмаҳои зерини молиягузорӣ оид ба чорабиниҳои муҳофизати муҳити атроф ва иҷрои барномаҳои экологӣ дида мешаванд:
- буҷаҳои ҳамаи дараҷаи ҳокимиятдорӣ;
- воситаҳои пулии корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо;
- фондҳои ғайрибуҷавии экологӣ;
- фонди экологии суғуртавӣ;
- қарзи бонкҳо;
- займҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок;
- воситаҳои пулии аҳолӣ.
Яке аз хусусиятҳои хоси батанзимдории ҳуқуқии муносибатҳои экологӣ
дар шароити имрӯза бо якдигар алоқаманд намудани воситаҳои маъмурию
ҳуқуқӣ ва ҳавасмандкунии иқтисодӣ мебошад. Дар шароити имрӯза яке аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор