Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ҳамин тариқ, системаи идоракунии партовҳо дар ҳама минтақаҳо аз зерсистемаҳои зерин иборат мебошанд: ҷавобгарӣ, коркард, сакаттардонӣ, анборкунӣ ва гӯр кардани партовҳо.
Яке аз унсурҳои механизми иқтисодии муҳофизати муҳит ин суғуртаи маҷбурии экологии ташкилотҳо мебошад:
Суғуртаи экологӣ гуфта:
суғуртаи корхонаҳои масъулиятноке, ки сарчашмаи асосии партовҳо ва масоилҳои экологӣ мебошанд;
суғуртаи моликиятдорон, объектҳои табиие, ки ифлос карда шудаанд ва барои ҳаёти одамон хатар доранд. Дар ин суғуртаи шахсони алоҳида ва шахсони ҳуқуқӣ низ дохил мешаванд;
Моҳияти иқтисодии суғуртаи экологӣ ин пайдо кардани воситаҳои пулӣ дар дасти ташкилотҳои суғуртавӣ ва тақсимоти он дар вақти пайдо гаштани ҳодисаҳои экологӣ, ё худ барқароркунии зарарҳои экологӣ мебошад.
27.4. Менеҷменти экологии истифодабарии замин
Муносибати одамон нисбат ба замин доимо хислати дутарафа дошт. Аз як тараф, фаҳмиши таърихии истифодаи он ҳамчун сарчашмаи «озуқа» муносибати ғамхорона талаб мекунад. Аз тарафи дигар талаботи рӯзафзуни одамон аксар маврид барои гирифтани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ ба истисмор ва истифодаи ғайрисамараноки замин ва гум кардани қобилияти ҳосилхезии он оварда расонидааст.
Дар таърихи инсоният аксар мавридҳое шудаанд, ки истифодаи нодурусти замин ба офатҳои экологӣ оварда расонидааст, ки дар натиҷа садҳо одамон нобуд гашта, бо миқдори зиёд зарари моддӣ дидаанд. Фақат дар 30 соли охир дар Тоҷикистон ду ҳодисаи мудҳиши экологӣ - соли 1986 кандашавии обанбори Саргазон дар ноҳияи Данғара ва соли 1989 кандашавии бахши Шарора дар ноҳияи Ҳисор дида шуд, ки зарари калони ҷонию моддӣ барои Тоҷикистон овард.
Дар давраи ҳозира инсоният ба масоили глобалӣ дучор шудааст, ин паст шудани ҳосилхезии табиии хок, харобшавӣ ва биёбоншавии заминҳо аз ҷумлаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор