Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

назорат ӯ якуо бо ташкилотҳои давлатии назоратӣ шартнома баста ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои худро муайян месозад. Инчунин барои идоракунии партовҳо ташкилотҳои зерини манфиатдорро ҷалб кардан мумкин мебошад:

ҳокимияти намояндагон ва иҷроия;

аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;

муассисаҳои назорати давлатӣ (вазорати муҳофизати табиат,
санэпидстансия ва ғайра);

роҳбарони корхонаҳои партовкоркунӣ;

нақлиётчиён;

роҳбарони корхонаи партовҷойкунӣ;

намояндагони ВАО.

Назорати истеҳсолӣ бошад ин аудити дохилишркатӣ буда, кору комплексие мебошад, ки оид ба кам кардан ё безаррар гардонидани партовҳо гузаронида мешавад. Хизматрасонии экологии корхона оид ба риояи қонунҳо ва санадҳои меъёрии экологӣ тафтишҳо гузаронида, камбудиҳоро саривақт муайян месозанд. Асосан ба соҳаи назорати экологии истеҳсолӣ дохил мешаванд:

муайян кардани таркиб ва гурӯҳи партовҳои хатарнок ва бақайдгирии
онҳо дар каталоги давлатӣ;

муайян кардани сарчашмаи таъсиррасонӣ ба муҳити зист;

назорат оид ба риояи меъёрҳои муайяншуда;

назорат оид ба ҳолати объекти муҳити зист дар минтақаҳои корхона;

бурдани ҳисобот ва додани ахбор ба органҳои назоратӣ;

Барои иҷро накардан, ё вайрон кардани қонунҳои истифодабарии сарватҳои табиӣ ва партовҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии тартиботӣ, маъмурӣ, ҳуқуқию гражданӣ ва ҷиноятӣ пешниҳод карда шудаанд.

Дар доираи назорати идоракунии партовҳо, онҳоро вобаста аз хатарнокиашон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

Гурӯҳи 1-ум - аз ҳад зиёд хатарнок.

Гурӯҳи 2-юм - хатарнокии баланд.

Гурӯҳи 3-юм - хатарнокии миёна.

Гурӯҳи 4-ум - хатарнокии паст.

пешина
аз 512
навбатӣ