Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар вақти коркарди системаи давлатии идоракунии партовҳо се равияи стратегӣ муайян карда мешавад:
- Ташкили шароит барои кам кардани партовҳо.
- Таъмини афзоиши истифодаи партовҳо.
- Ташкили бехатарии экологии гӯронидани партовҳо.
Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бартарият ба системаи ҳуқуқӣ, меъёрӣ ва усулҳои иқтисодӣ дода мешавад, яъне мумкин аст усулҳои иқтисодии ҳавасмандкунӣ ва таъсиррасонӣ истифода карда шавад.
Қоидаҳои асосии танзимдарории иқтисодие, ки дар қонуниятҳо муайян шудаанд, инҳо мебошанд:
- Кам кардани миқдори партовҳо аз ҳисоби ҷорӣ кардани технологияи кампартов ва бепартов ва истифодабарии партовҳо.
- Ҷойгиркунонии пулии партовҳо. Партовҳо хоҳ нохоҳ ба муҳити зист таъсири манфӣ дошта, барои коркард ва ҷойгиркунии онҳо дар партовҷойҳо хароҷотҳо муайян карда мешаванд. Бинобар ин хароҷотҳо бояд ба арзиши аслии маҳсулот илова шаванд.
- Ҳавасмандкунии иқтисодии фаъолияте, ки ба ҷобаҷокунии партовҳо нигаронида шудаанд. Воситаи асосии ҳавасмандии иқтисодӣ ин бо роҳи андозситонӣ ва қарзҳои имтиёзнок мебошанд.
- Назорат ва ҷавобгарӣ дар соҳаи идоракунии партовҳо.
Назорати давлатии фаъолияти идоракунии партовҳо аз тарафи органҳои махсуси давлатӣ гузаронида мешавад.
Асосан назорати давлатӣ талаботҳои зерин дорад:
- назорат оид ба иҷрои талаботҳои экологӣ, технологӣ, санитарӣ ва дигар ҳангоми кор бо партовҳо;
- риоя кардани талаботҳои кашонидани партовҳо;
- иҷрои чорабиниҳои оид ба кам кардани партовҳо ва истифодаи дубораи онҳо дар истеҳсолот;
- ахбори дуруст оид ба партовҳо ва кор ба онҳо;
- муайян кардани қонуншиканӣ дар ин соҳа ва ба ҷавобгарӣ кашидан.
Шахсони ҳуқуқие, ки дар соҳаи партовҳо ва коркарди онҳо кор мекунанд, бояд назоратро оид ба иҷрои қонуниятҳо гузаронанд. Барои чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор