Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

онҳост. Аз ин нуқтаи назар кор кардани системаи асосноккардашудаи идоракунии заминистифодабарӣ хеле ҳам вазифаи муҳим ва рӯзмарра мебошад.

Ҳосилхезии хок дар натиҷаи ҷараёни барқароршавии хок дар шакли такрористеҳсоли оддӣ ва нопурра ба вуҷуд меоянд.

Такрористеҳсоли ҳосилхезии хок гуфта, таъмин намудани ҷараёни табиии барқароршавии хокро меноманд, ки дар натиҷаи фаъолияти одамон вайрон шудааст.

Нигоҳдории баланси ҳосилхезии хок гуфта, чорабиниҳои комплексиеро меноманд, ки шароити хуби кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, пайдарпаии онҳо, нигоҳдории баланси табодули хокӣ ва обии заминро дар бар мегирад. Барои ба ин мақсад расидан боиси қабул мешуд, ки агар дар ҳудуди мамлакат, вилоятҳо ва ноҳия концепсияи экологию иқтисодии инкишофи соҳаи аграрӣ тартиб дода шавад.

Мафҳуми «замин», ин қисми таркибии ва муҳими муҳити зист буда, вобаста аз мавқеъ, релеф, иқлим, боду ҳаво, қабати хок, растаниҳо, канданиҳои фоиданок, обҳо, воситаи асосии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷойгиршавии корхонаҳо ва ташкилотҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Ғайр аз қобилияти хок, ки ҳамчун қабати табиию таърихӣ аст, замин ҳудуде мебошад, ки барои мақсадҳои муайян истифода карда мешавад. Замин ҳамчун воситаи меҳнат ва ҳамчун предмети меҳнат баромад карда, як қатор хусусиятҳои хоси идоракунии худро доранд. Ҳуҷҷати муҳиме, ки ин ҷараёнро ба танзим медарорад ин кадастр мебошад.

Кадастри давлатии замин - ин системаи муайяншудаи давлатии ҳисоб, баҳодиҳӣ ва бақайдгирии ҳуқуқ ба замин буда, барои батанзимдарорӣ ва беҳтар кардани муносибатҳои заминдорӣ равона карда шудааст.

Асоси кадастри давлатии заминро нишондиҳандаҳои зерини ахборӣ ташкил мекунанд:

топография ва геодезия (аниқ муайян кардани ҷойгиршавии объектҳои заминистифодабарандагон ва майдони он);

экологию ҷуғрофӣ, тавсифи мавқеи географию табиӣ ва унсурҳои он;

иқтисодӣ, ахбор оид ба хусусиятҳои банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, даромаднокӣ ва арзиш;

пешина
аз 512
навбатӣ