Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Ташкилот бояд ба он фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфии калон мерасонанд, мониторинг ташкил карда, мувофиқи қонуниятҳои мавҷуда доимо назорат карда истад.
-
Бояд дар шакли даврагӣ аудити системаи менеҷменти экологӣ гузаронида шавад, бо мақсади мувофиқат кардани он ба ташкилот ва талаботҳои стандарти ISO 14001.
-
Роҳбарияти ташкилот дар ҳар як давраи муайян кори системаи менеҷменти экологиро таҳлил карда, аз нуқтаи назари мувофиқат ва самаранокӣ баҳо медиҳад.
Умуман, талаботи стандартҳо ин нақша-иҷроиш-тафтишот-дигаргунсозии нақша мебошад. Стандарт чунин талаб мекунад, ки системаи менеҷменти экологӣ ба системаи менеҷменти корхона дар якҷоягӣ амал карда, самаранокии инкишофи босуботро таъмин созад.
Сиёсати экологии корхона ин арзи корхона оид ба ниятҳо ва қоидаҳои худ аст, ки барои таъмини самаранокии экологӣ асоси фаъолият ва банақшагирӣ мебошанд. Сиёсати экологиро роҳбарияти олии корхона муайян месозад.
Қоидаҳои асосии сиёсати экологии корхона инҳо мебошанд:
-
Ӯҳдадориҳо ва сиёсат. Ташкилот бояд сиёсати экологии худро муайян карда, як қатор ӯҳдадориҳои идоракунии муҳити зистро қабул намоянд. Сиёсати экологӣ бояд пеш аз ҳама унсурҳоеро дар бар гирад, ки маҳдудияти онҳо барои ташкилот, барои муҳити зист ва умуман барои ҷамъият фоида меоранд. Сиёсат бояд ӯҳдадориҳои роҳбариятро дар назди талаботҳои қонун риоя намуда, доимо идоракунии системаи экологиро таъмин карда тавонанд. Сиёсати экологӣ бояд аниқ бошад ва доимо таҳлил карда шавад ва агар зарур бошад тағйиротҳо дароварда шавад.
-
Банақшагирӣ. Ташкилотҳо бояд, ки нақшаи сиёсати экологии худро кор карда бароянд. Дар нақшаи амалигардонии сиёсати экологӣ бояд, ки равандҳои асосии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳои он, талаботҳои санадҳои меъёрӣ ва баҳои иқтисодии самаранокии ин нишондиҳандаҳо, зарари иқтисодӣ пурра нишон дода шаванд.
-
Амалигардонӣ. Бо мақсади ҷорӣ гардонидани сиёсати экологӣ корхона бояд механизми дастгирии иҷрои нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва мақсадҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор