Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Менеҷменти экологӣ ҷараён ва натиҷаи фаъолияти ташаббускоронаи субъектҳои иқтисодиро меноманд, ки барои расидан ба мақсадҳои экологии худӣ ва амалӣ сиёсати экологии корхона равона карда шудаанд.
Мафҳуми системаи менеҷменти экологӣ дар ташкилотҳо ин фаҳмиши стандартҳои ISO 14000 буда, ҳуҷҷати асосии стандарти ISO 14001 «Махсусгардонӣ ва дастурамал оид ба истифодабарии системаи менеҷменти экологӣ» мебошад. Талаботҳои асосии ин стандарт аз он иборат мебошад:
-
Ташкилот бояд сиёсати экологиро кор карда барояд. Яъне ин ҳуҷҷати махсусе, ки қоидаҳо ва равандҳои асосии мақсадҳои корхонаро барои вазифаҳои экологӣ пешниҳод менамояд. Сиёсати экологӣ нисбат ба дигар ҳуҷҷатҳо бояд ҳаракат барои иҷрои меъёрҳо, инчунин доимо беҳтар намудани системаи экологии менеҷмент равона карда шаванд. Ҳуҷҷат бояд ба ҳамаи аъзоёни корхона расонида шавад ва барои ҷамъият дастрас бошад.
-
Ташкилот бояд баҳои таъсиррасониро ба муҳити зист муайян сохта, доимо дар шакли систематикӣ ҳамаи қонуниятҳое, ки талаботҳои экологӣ доранд, диққат диҳад.
-
Вобаста аз моҳияти таъсири экологӣ, талаботҳои қонунӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ташкилот бояд мақсадҳо ва вазифаҳои экологии худро кор карда барояд. Мақсад ва вазифаҳо бояд миқдорӣ бошанд. Онҳо дар асоси сиёсати экологии корхона тартиб дода мешаванд. Дар вақти тартиб додани онҳо бояд фикру ақидаҳои «тарафҳои манфиатдор» ба инобат гирифта шаванд.
-
Барои ба мақсадҳои гузошташуда расидан, корхона бояд барномаи менеҷменти экологии худро тартиб диҳад, ки дар он шахсони масъул, мӯҳлати ба мақсад расидан ва иҷрои вазифаҳо нишон дода мешаванд.
-
Дар ташкилот бояд сохтори ҷавобгарии экологӣ ташкил карда шавад. Барои таъмини ин сохтор зарур аст, ки захираҳои башарӣ, техникӣ ва молиявӣ ҷудо намоянд. Шахси махсуси вазифадор бояд ҷудо карда шавад ва ӯ вазифаи идоракунии ин равандро ба уҳда дошта, ба роҳбарият доимо ахборот мерасонад.
-
Бояд як қатор талаботҳоро ба ҳайати корхона омӯзонанд ва коргарони ғайриштатиро тайёр намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор