Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Стандартҳои ISO 14000 ихтиёрӣ буда, ягон санадҳои меъёриро иваз намекунанд, балки роҳ нишон медиҳад, ки бо кадом роҳ корхона ба табиат таъсир расонад, ки қонуниятҳо иҷро шаванд. Ташкилотҳо метавонанд, ки стандартҳоро барои манфиати дохилии худ, инчунин мавқеи моли худ дар рақобати бозор истифода кунанд.

Стандартҳоро ташкилот метавонад барои муҳити беруна истифода карда, нишон диҳанд, ки менеҷменти экологии корхона ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ мебошанд. Ташкилот баъди риоя кардани ин стандартҳо метавонад, ки сертификати экологиро аз тарафи ташкилотҳо, ё худ экспертҳо гирад. Мисол аксари корхонаҳо ҳаракат мекунанд, ки аз қайди стандарти ISO 9000 гузаранд «сертификат» гиранд, чунки ин нишонаи мувофиқат ба стандарт будани маҳсулоти корхона мебошанд. Дар замони ҳозира корхонаҳои байналхалқӣ системаи стандартии муттаҳидшударо истифода мекунанд, ки дар он талаботҳо ҳамаи стандартҳои системаи ISO 14000 ба инобат гирифта шудааст. Махсусан барои корхонаҳое, ки маҳсулоташонро барои экспорт тайёр менамоянд «сертификати экологӣ» мақоми бузург мебозад. Аллакай баъзе унсурҳои стандарти ISO 14000-ро дар Россия, Украина ҷорӣ карда истодаанд. Системаи сертификати идоракунии стандартҳои байналхалқии ISO 9000, ISO 14000 махсусан ба соҳаи мудофиа, химия, нефтохимия, мошинсозӣ ва соҳаи саноати хӯрокворӣ хеле зарур мебошанд.

Системаи стандартии менеҷменти экологӣ имкон медиҳад, ки ташкилотҳо ҷараёни ягонаро бо мақсади беҳтар кардани сифати маҳсулот бо ҳам бипайванданд. Бинобар ин стандартҳои ISO 14000 камшавию таъсири манфиро ба муҳити зист пешниҳод намуда, мақсадҳои зеринро нишонгирӣ менамоянд:

  1. Беҳтар кардани нишондиҳандаҳои субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ ба муҳити зист.

  2. Дохил намудани иловаҳо ба стандартҳои миллӣ ва муайян кардани сиёсати экологии миллӣ.

  3. Беҳтар кардани шароити тиҷорати байналхалқӣ ва рақобатнокии молҳо.

Идоракунии истеҳсоли экологии ин фаъолияти корхонаро меноманд, ки дар навбати аввал барои риоя намудани талаботҳои ҳатмии давлатӣ дар соҳаи муҳофизати муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ фаъолият дорад.

пешина
аз 512
навбатӣ