Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

экологиро ташкил намояд. Барои иҷрои ин вазифа ташкилотҳо бояд коргарони худро ба иҷрои ин вазифаҳо равона карда, стратегия, захираҳо ва сохтори идоракунӣ, системаи ҷавобгариро кор карда барояд.

  1. Ченкунӣ ва баҳодиҳӣ. Дар корхона бояд фаъолияти он чен карда баҳо дода шавад ва самаранокии он муайян гардад. Яке аз воситаҳои иҷрои ин вазифа ташкили аудити экологӣ мебошад.

  2. Таҳлил ва беҳтаршавӣ. Ташкилот бояд ҷараёни истеҳсолии худро доимо таҳлил карда, системаи идоракунии муҳити зистро беҳтар намояд. Дар ҳар як давраи муайян таҳлили экологӣ гузаронида, самаранокии идоракунӣ муайян карда шавад.

Асоси менеджменти экологиро қоидаҳои самаранокии экологӣ ва адолати экологӣ ташкил мекунанд.

Самаранокии экологӣ гуфта, фаъолияти гуногуни ташкилотро меноманд,
ки на фақат хароҷотҳои иловагӣ ва зарарро ба муҳити зист бармегардонад,
балки аз чунин фаъолият фоида низ ба даст меоранд.

Адолати экологӣ фаҳмиши роҳбарияти корхона ва дарки ҷавобгарии маънавии вайрон кардани муҳити зист ва нодуруст истифодабарии захираҳои табиӣ мебошад.

Фаҳмиши дигари менеджменти экологӣ гуфта, идоракунии фаъолияти муҳофизати табиат ва истифодабарии сарватҳои табииро меноманд, ки иборат мебошад аз қисмҳои зерин:
❖ механизми ҳуқуқӣ ва иқтисодии муҳофизати муҳити зист; ❖ системаи идоракунӣ; ❖ фаъолияти мутахассисони корхона дар соҳаи муҳофизати муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ мебошад.

Мақсадҳои асосии менеджменти экологӣ ин таъмин намудани тараққиёти босуботи экологию иқтисодии корхона мебошад.

Функсияи менеджменти экологӣ ин кулли фаъолиятҳои гуногуне мебошанд, ки барои идоракунии ҷараёнҳои экологӣ заруранд.

Ҳамин тариқ, сиёсати экологӣ ин қоидаҳо ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки вобаста аз равандҳои фаъолияти экологии корхона ва асоси муайян кардани мақсад ва вазифаҳои он муайян карда мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ