Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

табии тамомшаванда мебошад ва инсонҳо бояд дар мувозинат ва алоқамандӣ бо табиат зиндагонӣ намоянд.

Тадқиқотчиёни англис хислати ин давраро баҳо дода чунин менависанд: «Ду варианти ин муносибатҳоро дидан мумкин:

  1. Одамон коре мекунанд, ки дар атмосфера дуд кам мешавад.
  2. Дуд коре мекунад, ки дар замин одамон кам мемонанд».

Аввали солҳои 70-уми асри XX одамон аллакай муносибати хоҷагидории худро бо табиат мувофиқ кунонида истодаанд, ки имрӯз масъалаи инкишофи устувори иқтисодию экологӣ дар аксари мамолики ҷаҳон мақоми аввалиндараҷа дорад, яъне давраи панҷуми инкишофи ҷамъият ва табиат сар шудааст. Инсоният ба хулосае омадааст, ки бе баланси экологӣ инкишофи иқтисодӣ ғайриимкон мебошад. Бинобар ин дар ҳар як давлат, корхонаҳо органҳои махсуси идоракунии экологӣ ташкил карда шудааст.

Дар системаи идоракунии экологӣ мақоми махсусро шӯъбаи экологии корхона мебозад, ки дар баъзе корхонаҳои хурд мутахассис оид ба экология низ фаъолият дорад.

Дар таҷриба чор шакли сохтории системаи идоракунии экологӣ ва менеҷментро доир ба хизматҳои экологӣ фарқ мекунанд:

  1. Сохторе, ки дар он хизмати экологӣ, ё худ мутахассиси бахши менеҷменти экологӣ вуҷуд надорад.
  2. Сохторе, ки хизмати экологӣ бо дигар сохторҳо якҷоя амал мекунад.
  3. Сохторе, ки хизматҳои экологӣ (менеҷер) дар сохтори алоҳида вазифаи алоҳида вуҷуд дорад.
  4. Сохторе, ки хизматҳои экологӣ, ҳамчун сохтори таркибии алоҳида бо роҳбари алоҳида дорад, ки дараҷаи ҳуқуқии ҷонишини директори корхонаро соҳиб аст.

Ҳар як сохторе, ки дар боло гуфта шуда ба дараҷаҳои гуногун масоили экологиро ҳал мекунад. Сохтори самараноки хизматҳои экологӣ ин дар шакли чорум мебошад. Ин сохтор имконотҳои зеринро доранд:
❖ имконоти фаъолияти комплексии ва пурраи экологӣ;
❖ иҷрои самараноки мақсадҳо ва вазифаҳои экологӣ ва истеҳсолӣ;
❖ иҷрои шаклҳои гуногуни фаъолияти экологӣ.

пешина
аз 512
навбатӣ