Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вобаста аз тарзи ташкили фаъолият сохтори экологӣ чунин гурӯҳбандӣ карда мешаванд:

  1. Хизматҳои экологии шакли дифференсиалӣ, ки вазифаи ҳар як коргар вобаста аз таъсир ба муҳити зист муайян карда мешавад:
    муҳофизати атмосфера;
    муҳофизат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои об;
    муҳофизати муҳити зист аз партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;
    муҳофизат ва истифодабарии оқилонаи замин.

  2. Хизматҳои экологии шакли интегратсионӣ. Коргарони хизматҳои экологӣ чунин шакли ташкили якҷоя бо вазифаҳои худ ин уҳдадориҳоро низ иҷро мекунанд. Чунин шакл барои ташкилотҳои миёна ва хурд хос мебошанд. Бартарияти ин шакли ташкилӣ:
    имкони иваз кардани коргарон дар вақте, ки яке аз онҳо дар кор набошанд;
    хислати комплексии кор;
    коркарди сиёсати экологии дуруст;
    идоракунии самараноки муҳофизати муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ.

  3. Хизматҳои экологии шакли омехта. Коргарони ин сохтор метавонанд, ки якчанд вазифаи идоракунии экологиро иҷро намоянд.

Яке аз равияи менеҷменти экологӣ ин бевосита ба меҳнати менеҷер тааллуқ дорад ва ин фаъолияти идоракуние мебошад, ки барои дар ҳаёт татбиқ намудани чорабиниҳои ташкилӣ, техникӣ ва дигар равияҳои зерини бехатари моҳнат равона шудаанд:
кафолати бехатарии экологии менеҷер дар тамоми давраи фаъолият;
ахбори воқеӣ оид ба имконотҳои техникӣ ва бехатарии экологии технологияи нав ва мувофиқати он ба стандартҳои экологӣ;
ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳофизати меҳнати соҳибкорон ва коргарон дар ҳама зинаҳои идоракунӣ.

Яке аз фаъолиятҳои менеҷменти экологӣ дар бахши маркетинг зоҳир мегардад. Равандҳои нишонагирии экологии маркетинг дар аксари корхонаҳои

пешина
аз 512
навбатӣ