Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Асоси қоидаҳои менеҷменти экологӣро қоидаи самаранокии экологӣ ва адолати экологӣ ташкил мекунад.
Таърихи инкишофи менеҷменти экологӣ. Таҳлили алоқамандии байни ҷамъият ва табиат имкон медиҳад, ки чор давраи таърихии ин алоқамандиро бо давраи гузариш, яъне ба давраи панҷум муайян намоем.
Давраи якум - давраи асри сангин ва ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ аст. Ин давраи дурударози таърихие мебошад, ки одамон пурра аз табиат ва ҳодисаҳои табиӣ вобаста зиндагӣ карда, табиатро дар шакле, ки буд истифода карда, дар ғорҳо зиндагонӣ мекарданд. Қоидаи алоқамандии ин давраро чунин шарҳ медиҳанд: «Табиат донистанашаванда буда, одамон бояд ба вай мутеъ бошанд». Бинобар ин дар ин давра одамон ба табиат таъсири хеле кам мерасониданд.
Давраи дуюм, ин давраи аввали заминистифодабарӣ асрҳои VIII-VII то мелод сар шуда, то давраи пайдоиши саноатӣ асри XV давраи мелодӣ давом мекунад. Ин давраи ғуломдорӣ ва феодалиро пурра дар бар гирифта, дар он чорводорӣ ва зироаткорӣ инкишоф меёбад. Дар ин давра инсоният пурра ба омӯзиши табиат шурӯъ карда, истифодаи босуръати замин, чӯб, чорво ва илмҳои риёзию фалсафа хеле ҳам инкишоф меёбанд. Махсусан дар Шарқи Қадим тоҷикон дар ин ҷода хеле пешсаф буданд.
Инсонҳо қонуни табииро омӯхта, илмҳои табиатшиносӣ хеле хуб инкишоф меёбанд. Ин давраро бо чунин қоидаи алоқаманд шарҳ медиҳанд. «Табиат донистанашаванда буда, инсоният метавонад бо мақсади худ ӯро истифода намояд».
Давраи сеюм ин асрҳои XVI то XIX-ро дар бар мегирад. Давраи барқароршавӣ ва инкишофи капитализм, инкишофи соҳибкории хусусӣ, ҷангҳои байнидавлатӣ, тақсимоти иқтисодию ҳудудии ҷаҳон, азхудкунӣ ва коркарди саноати кӯҳӣ, коркарди оҳан ва ангиштсанг. Хулоса, ин давраро «Давраи муомилан ғоратгарона ба табиат» меноманд.
Давраи чорум - давраи инқилоби иҷтимоӣ, ки давраи империализм ва сотсиализмро дар бар мегирад. Дар ин давра корхонаҳои калони саноатӣ, обанборҳои калон, истеҳсоли васеи нафту газ ба вайроншавии мувозинати экологӣ оварда расонид. Одамон дар охири ин давра фаҳмидаанд, ки сарватҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор