Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Вазифаҳои асосии менеҷменти экологикунонидашуда:
❖ сарфакории захираҳои ашёи хом; ❖ ҳадди ақал кардани партовҳо ва ифлосшавии муҳити зист; ❖ ташкили бехатарии меҳнати коргарон; ❖ баҳои таваккали экологӣ; ❖ ҷудо кардани воситаҳо барои ташкили «эътибори сабзӣ» корхона; ❖ ахбори аҳолӣ оиди хислати фаъолияти истеҳсолии корхона ва муҳити зист.
2. Менеҷменти экологӣ системаи идоракунии пешқадам, ки аллакай дар корхона истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ ба роҳ мондашуда, баланси экологӣ ва иқтисодиро дар тамоми давраҳои истеҳсоли маҳсулот нигоҳ медорад.
Қоидаҳои асосии менеҷменти экологӣ инҳо мебошанд:
❖ баҳисобгирии хусусиятҳои экологӣ; ❖ ҳалли саривақтии мушкилот; ❖ ҷавобгарӣ оидӣ натиҷаҳои экологие, ки дар баробари иҷрои қарори идоракунӣ ба вуҷуд меоянд; ❖ муҳимияти ҳалли масъалаҳои экологӣ.
Вазифаҳои асосии менеҷменти экологӣ:
❖ ташкили равандҳои истеҳсолии аз ҷиҳати экологӣ бехатар; ❖ таъмини экологии тамоми системаи истеҳсолӣ; ❖ огоҳ намудан аз натиҷаҳои фаъолияти барои инсон зараровар дар ҷараёни истеҳсолот, истеъмол ва партовҳо; ❖ гирифтани натиҷаи баланд бо зарари ками муҳити зист; ❖ маҳдудиятҳои экологиро барои баланд бардоштани фаъолиятҳои истеҳсолӣ истифода кардан; ❖ нав кардани маҳсулот вобаста аз талабот ва ҷорӣ кардани технологияи кампартов; ❖ ҳавасмандкунӣ барои чорабиниҳои муҳофизати табиат.
Предмети менеҷменти экологӣ ин иқтисоди истифодабарии сарватҳои табиӣ, сохтори ташкилӣ, маркетинги экологӣ, маданияти экологӣ, сиёсати экологӣ, ахбор, мотивация, алоқамандӣ бо ҷамъият ва дигар қисмҳои системаи идоракунӣ мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор