Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Менеҷменти экологӣ яке аз шаклҳои махсуси менеҷмент буда, қоидаҳои асосӣ ва қонуниятҳои танзими истифодабарии сарватҳои табиӣ ва муҳити зистро меомӯзад. Аз ин нуқтаи назар менеҷменти экологӣ ҳамчун системаи махсуси идоракунӣ барои муҳофизати муҳити атроф, таъмини санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии экологӣ ва концепсияи ташаккули тараққиёти босубот равона карда шудааст.

Дар ҳақиқат, қоидаҳои тараққиёти босубот дар ташкил ва инкишофи системаи истеҳсолию экологии идоракунӣ ва менеҷменти экологӣ асос ёфтааст.
Ду мафҳум дар омӯзиши ин масоил фарқ карда мешавад:

  1. Менеҷменти экологикунонидашуда.

  2. Менеҷменти экологӣ.

  3. Менеҷменти экологикунонидашуда тағйироти куллиро дар системаи техникию иқтисодӣ талаб намекунад. Ин шакли менеҷмент, ҳамчун менеҷменти консервативӣ истифода шуда, ба давраи аввали тайёрии корхона барои ҳалли масъалаҳои бехатарии экологӣ равона карда шудааст.

Менеҷменти экологикунонидашуда — ин системаи иқтисодии идоракуние, ки идоракунӣ бо роҳи ҷорӣ намудани талаботҳо ва меъёрҳои миллӣ ва байналхалқии санадҳо, қоидаҳо дар соҳаи сарфакорӣ ва дуруст истифодабарии сарватҳои табиӣ сурат мегирад. Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов аз минбари баланди 54-умин ҷаласаи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда, дархост пешниҳод намуд, ки соли 2003-ум «Соли байналмилалии оби тоза»
эълон карда шавад. Хушбахтона ин дархост якдилона қабул гардида буд. Дар ин сол, дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои илмию фарҳангӣ гузаронида шуд, ки манфиати муҳими илмию иқтисодиро доро мебошанд.

Қоидаҳои асосии менеҷменти экологикунонидашуда инҳо мебошанд:
кор кардани сиёсати экологӣ вобаста аз технологияи мавҷуда; қабули қарори ба вазъи экологӣ нишонагиришуда; ташкили назорати экологӣ ба ҳамаи давраҳои ҷараёни технологӣ ва мониторинг дар ноҳияе, ки корхона ҷойгир аст.

пешина
аз 512
навбатӣ