Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

биржаҳо вуҷуд дошта наметавонад, амалӣ мегардад. Бозори меҳнат яке аз масоили мураккаби иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Масоили бозори меҳнат хислати бисёрраванда буда, хислати бисёрфункционалӣ доранд, омӯзиши он талаб мекунад, ки масъалаҳои ташкили техникӣ, иҷтимоию иқтисодии ҳайати коргарон, идоракунии он, ташкили фаъолиятҳои корӣ, музди меҳнат ва ғайра пурра омӯхта шаванд.

Бозори меҳнат - ҳамчун гурӯҳи иқтисодие, ки гӯё ба капитализм хос бошад ва бекорӣ ҳамчун натиҷаи ҳукмронии муносибатҳои меҳнату капитал бошад, солҳои дароз дар адабиёти шӯравӣ қариб омӯхта намешуд.

Гузаштан ба иқтисоди бозорӣ масоили навро ба мамлакати мо овард, ки он бекорӣ ном гирифт ва вобаста аз ин камбизоатӣ ва қашшоқии аҳолӣ ба миён омад, ки имрӯзҳо асоси омӯзиш ва сиёсати иҷтимоии давлатиро ташкил мекунанд.

Механизми амали иқтисоди бозоргониро К. Маркс омӯхта, қайд мекунад, ки қувваи корӣ ҳамчун «кулли қобилиятҳои физиологӣ ва рӯҳие мебошад, ки организеми зиндаи одамон дорад ва ин мол ҳисоб рафта, муносибатҳои истеҳсолӣ дар асоси хариду фурӯши қувваи корӣ зоҳир мегардад, ки нархи вайро музди меҳнат ташкил медиҳад. Мафҳуми «бозори меҳнат»-ро К. Маркс ҳамчун доираи муомилот ҳисоб мекунад.

Дар шароити имрӯза бозори меҳнат системаи муносибатҳои ҷамъиятнест,
ки дараҷаи инкишоф ва баланси манфиатҳои иштироккунандагони бозор,
соҳибкор, коргарон ва давлатро ифода мекунанд.

Шакли ташкилии чунин манфиатҳоро дар бозори меҳнат ассотсиатсияи соҳибкорон аз як тараф, иттифоқи касаба аз тарафи дигар ва давлат бо сифати кортаъминкунанда дар корхонаҳои давлатӣ ва ҳамчун сармоягузорӣ лоиҳаи махсус ва барномаҳо дастгирӣ менамояд. Аммо функцияи асосии он дар танзиму қоидаҳои манфиати тарафҳо мебошад. Дар натиҷа ҳамон механизми асосии танзими бозори меҳнат, ки дар он системаи ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳавасмандии инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда дида мешавад, амалӣ мегардад.

Механизми амалигардии бозори меҳнат тамоми доираи омилҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва психологиро, ки муайянкунандагони фаъолияти бозори меҳнат мебошанд, дар бар мегиранд.

пешина
аз 512
навбатӣ