Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ин система бо воситаи ташкилотҳои давлатии шуғли аҳолӣ, биржаҳо, ки базаи пурраи маълумотро оид ба ҷои кор, барномаҳои мақсадноки соҳавӣ, тайёр кардани кормандонро дар бар мегирад. Тамоми ин механизми танзими бозори шуғли аҳолӣ дар соҳаҳои гуногун дар муносибатҳо ва дараҷаҳои гуногун вобаста аз шароити иқтисодӣ ва таърихи инкишофи соҳа ҳаллу фасл мегарданд.
Ҳамин тариқ, бозори меҳнат ин ҷараёни алоқамандии байни субъектҳои фаъолияти меҳнатӣ (давлат, корфармо ва коргар) ба предмети бастани шартнома оид ба хизматҳои меҳнатӣ бо мақсади ташкили истеҳсолоти ҷамъиятӣ мебошад.
Аслан ду шакли бозори меҳнатро ҷудо мекунанд: бозори беруна ва бозори дохилии меҳнат.
Бозори берунаи меҳнат ин ҳаракати қувваҳои корӣ дар байни ташкилотҳо аст.
Бозори дохилӣ ин ҳаракати кормандон дар дохили корхона чун аз як кор ба кори дигар гузаронидан, ё худ ба вазифаи баланд таъин кардан аст.
Омилҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто дар мамлакатҳои тараққикарда боиси аз кор хориҷкунии бемайлони коргарон мешаванд. Ҷойгиркунии гурӯҳи калони коргарон аз як корхона ба корхонаҳои дигар дида мешавад. Хоҳ нохоҳ дар вақти аз як корхона ба дигар корхона гузаштан танаффусҳои гуногунмуддат пайдо мешавад, ки бозори меҳнатро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳолате мебошад, ки коргарон меҳнати худро ба дигар корхона пешниҳод менамоянд, маҳз дар ҳамин ҳолат меҳнати коргар ҳамчун моли ӯ баромад карда, объекти тиҷорат мегардад. Тиҷорат бошад, ин соҳаи муомилоти мол ва пул мебошад, ки аз соҳаи истеҳсолӣ дур мебошад. Дар доираи муомилот бошад коргар барои харидори худро ёфтан аз корхона ба корхона мегардад. Ин доираи гирдгардиши бозори меҳнат аст, ки дар он хариду фурӯш сар мешавад.
Ҳамин тариқ, бозори меҳнат ҳамчун гурӯҳи иҷтимоию иқтисодӣ ин ҷараёни мураккаби афзояндае мебошад, ки ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии инкишофи мамлакат ва мотиватсияи худи коргарон вобаста мебошад.
Ба унсурҳои асосии худтанзимкунии бозори меҳнат нархи меҳнат, мутаносибии қобилияти пардохти талабот ва таклифоту рақобат шомил аст. Дар бозори меҳнат, нархи меҳнат ин музди меҳнат мебошад. Музди меҳнати баланд таклифоти меҳнатро баланд месозад. Баланд шудани дараҷаи музди меҳнати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор