Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

соҳибкорӣ ва идоракунӣ, ки барои ташаккули сохторҳои нави ташкилӣ ва алоқамандии одамон бо якдигар, бо воситаҳои истеҳсолот ва ғайра мебошанд. Эҷодкории иқтисодӣ бошад, ба ҷустуҷӯи варианти оптималии фишангҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандӣ барои таъмин намудани рақобатнокии корхона мебошад.

26.4. Идоракунии бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Иқтисоди бозорӣ аз якчанд секторҳои бо ҳам алоқаманди бозорӣ иборат мебошад. Маълум аст, ки якчанд модели иқтисоди бозорӣ вуҷуд дорад. Лекин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъсири калони давлатӣ ҳанӯз вуҷуд дорад ба модели назариявии пешниҳодкардаи иқтисодшинос Ҷ.Ли Кейнс мувофиқат менамояд.

Модели Кейнсии бозор якумин шуда алоқамандии се бозорро, яъне бозори меҳнат, бозори мол ва бозори пулро нишон дода, барои баробарӣ ду фарзия пешниҳод менамояд:

  1. Дараҷаи даромад функцияи истеъмолотро муайян месозад.

  2. Диққат додан ба навшавӣ ва каллобии талабот ба пул.

Дар бозори меҳнат функцияи истеҳсолӣ ҳангоми ҳаракати ба ҳадди баланд бардоштани фоида, функцияи таклифотро дар дараҷаи нархи мавҷуда медиҳад.

Ин функция афзоянда мебошад, чунки ҳар қадар нарх баланд шавад, корхона ҳамон қадар маҳсулотро зиёд пешниҳод менамояд. Дар бозори пул бошад функцияи дигари талабот, яъне функцияи пастшаванда амалӣ мешавад, чунки баробари боло рафтани нарх талабот ба пул ҳамчун мол кам мешавад.

Мазмуни асосии модели Кейнс дар он мебошад, ки баробарӣ дар бозор, мол ва хизматҳо пайдо месозанд. Яъне чун талабот ба мол ва таклифоти он мувофиқат намояд, аз ин нуқтаи назар системаи бозор, системаи мураккабе мебошад, ки алоқамандии унсурҳои ҷараёни истеҳсолот ва тақсимотро дар бар мегирад. Самаранокии баландро дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳангоми соҳибкории озод ба даст даровардан мумкин мебошад.

Шароити зарурии иқтисоди бозорӣ ин мавҷуд будани қувваи корӣ мебошад. Тақсимоти қувваи корӣ дар асоси алоқаи бевосита, ё худ бе он дигар

пешина
аз 512
навбатӣ