Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

котиб-мушовир функцияи коркард ва пешниҳоди ахбори зарурии корӣ, ҷавобгардонӣ ба мактубҳои мизоҷон, навиштани ҳисобот ва ҷамъоварии ахбори беруна ба истифода аз компютер ва дигар ВАУ-ро бар ӯҳда дорад. Ин мутахассисон дар ҳар як давраи муайян донишҳои худро равнақ медиҳанд. Махсусан оид ба ташкили усулҳо ва методҳои идоракунии одамон ва муносибатҳои башарӣ курсҳои махсусро мегузаранд.

26.2. Мазмун ва равандҳои асосии фаъолияти менеҷменти иҷтимоӣ

Бахши иҷтимоӣ соҳаи махсуси идоракунии давлатӣ, илмӣ, таълимӣ, меҳнатӣ ва хоҷагидорӣ мебошад, ки предмети омӯзиши онро одам ва талаботи он ташкил медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар бахши иҷтимоӣ кулли шаклҳои гуногуни функция ва шаклҳои ташкилии фаъолияти иҷтимоии одамон мебошанд, ки мақсади умумиашро инҳо ташкил мекунанд:
муҳофизати саломатӣ ва ҳаёти одамон;
беҳтар шудани шароитҳои манзил ва маоши онҳо;
имконоти якхела барои маълумот гирифтан;
кори мувофиқ ва музди меҳнати боадолатона;
имкони алоқа доштан ба инкишофи иҷтимоию маданӣ;
таъминоти моддӣ ва пиронсолии арзанда бо роҳи таъмини кафолати иҷтимоӣ ва хизмату маҳсулотҳо.

Бахши иҷтимоӣ дар муҳити иқтисодӣ, ки соҳаи моддии истеҳсолӣ ва молиявию молӣ барпо намудаанд, инкишоф ва ташаккул меёбад. Дар бахши иҷтимоӣ ду шакли ҷараён ҷудо карда мешавад: табиӣ ва ҷамъиятӣ.

Ҷараёнҳои табиии байни одам ва табиат ба миён меоянд, ки дар натиҷа одам бо ёрии воситаҳои меҳнат маҳсулоти моддӣ ва зеҳнӣ месозад.

Ҷараёнҳои ҷамъиятӣ байни одамон дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва истеъмолот ба вуҷуд меоянд.

Ин ду ҷараён бо ҳам алоқаманд буда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

пешина
аз 512
навбатӣ