Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Соҳибкорӣ ин вазифа набуда, балки фаъолияти махсус аст, ки сифати шахсиятҳоеро, ки соҳиби он бо мақсади гирифтани фоида ҳаракат мекунад, муайян месозад.
Дар замони ҳозира шаклҳои гуногуни омӯзиши соҳибкорӣ ва адабиётҳои гуногуни ин фаъолият дида мешавад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бо назардошти он, ки фаъолияти корхонаҳо пурра аз дараҷа ва донишмандии соҳибкор ва коргарон вобаста мебошад, зарур аст, ки ба инкишофи сифатии шахсии ҳайат диққати махсус дода мешавад. Аз дараҷаи дониш, фаҳмиш, малакаи кордонӣ ва иҷроиши фунсионалии ҳар яке онҳо ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ташкили дурусти ҷои кор, шароити корӣ ва баланд шудани дараҷаи иҷтимоию некӯаҳволии аҳолӣ вобастагии калон дорад. Диққати махсусро ба мутахассисони ташкилотҳо, ки «команда»-и асосии ҳалли масоили иҷтимоӣ мебошанд, равона кардан зарур мебошад.
Ба ин гурӯҳи мутахассисон дохил мешаванд:
менеҷерон ва маъмурони ташкилот, ки фаъолияти корхонаро ба нақша
мегиранд, ташкил, идора ва назорат мекунанд;
мутахассис (таҳлилгар) оид ба маркетинг, ки ояндабинии талаботро ба
молҳои нав ва хизматҳо дар бозор, пешниҳоди стратегӣ дар соҳаи
ташвиқот ва реклама тартибдиҳии нақшан самаранокии истифодабарии
ҷиҳозро ба роҳ мемонад;
иқтисодшинос вазифаҳои омӯзиши бахши истеҳсолот, ҳаракат дар
тақсимоти молу хизматрасонӣ, таҳлили талаботу таклифоти бозор, коркард
ва ташкили нақшаи истифодаи самараноки ашё, материалҳо ва дигар
захираҳоро бар ӯҳда дорад;
муҳосиб-молиягузор, вазифаи фаъолияти молиявию хоҷагидории корхона,
инчунин тамоми системаи баҳисобгирии бухгалтериро ба ӯҳда дорад;
менеҷери кормандӣ, ки барои дарёфти коргарони лаёқатманд ва бомалакаю
донишманд вазифадор аст. Инчунин роҳбаронро оид ба масъалаҳои
кормандӣ ва ҷобаҷогузории онҳо маслиҳатҳо дода, масъалаҳои беҳтар
кардани музди меҳнатро пешниҳод менамояд;
ҳуқуқшинос, ки вазифаи риояи қонун ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти
корхонаро ба уҳда дорад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор