Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар асоси баҳомонии ҷараёнҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ доираи иҷтимоию меҳнатӣ пайдо мешавад, ки қисми фаъоли бахши иҷтимоиро ташкил медиҳанд. Ин соҳа инчунин равандҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ, ба монандӣ ташкили муносибатҳои иҷтимоии меҳнат, шароит ва музди меҳнатро дар бар мегиранд. Чунин усул дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, ки ин ё он намуди фаъолиятҳои иҷтимоӣ амал мекунад вуҷуд дошта, шароитро барои якбора мутаносибан баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва инкишофи иҷтимоиро баланд месозад.

Мақоми марказиро дар баланд бардоштани соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ «сармояи башарӣ» мегирад. Ба монандӣ дигар намуди сармоя вай баҳои иқтисодӣ талаб мекунад, яъне талабот ва имконотҳои одам дар тамоми давраи ҳаётии он. Аз давраи томеҳнатӣ (кӯдакӣ), давраи меҳнатӣ ва давраи баъди меҳнатӣ бояд муайян карда шавад, ки дар кадоме аз ин давраҳо чӣ тавр маблағгузориҳо талаб карда мешаванд ва онҳо чӣ тавр самара медиҳанд. Амалӣ гардонидани сармояи башарӣ дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва иҷтимоӣ бо роҳи ташаккул ва истифодабарии бозори меҳнат ҳамчун танзимдарорандаи шуғл ва бекорӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳисобҳои самаранокии аз маблағгузорӣ маълумот ва тайёрии касбӣ бо роҳу усулҳои масофавӣ, дар оянда вобаста аз ҷамъи вориди хароҷотҳо ва %-маош миқдори соли банақшагиранда муайян карда мешавад.

Ҳолати иҷтимоӣ ва иҷтимоию меҳнатӣ бояд аз рӯи нишондиҳандаи куллии ду сифати инкишоф муайян карда шаванд:

  1. Дараҷаи нишонгирии иҷтимоии иқтисодиёт.

  2. Дараҷаи нишонагии иқтисодии инкишофи иҷтимоӣ.

Мақоми асосгузорандаи одам ва фаъолияти меҳнатӣ дар инкишофи иқтисодиёт дар ҳолате самаранок иҷро мегарданд, ки системаи алоқамандии байни меҳнат ва масоили некуаҳволии мардум дуруст ба роҳ монда шуда бошад. Мисол, дар ҳолате, ки музди меҳнат ҳамчун гурӯҳи иқтисодӣ мазмуни асосии худро гум карда, талаботи ҳадди ниҳоии коргаронро таъмин намесозад, ба якбора паст шудани дараҷаи зиндагонии мардум оварда расонида, дар маҷмӯъ бӯҳрони иҷтимоию иқтисодиро ба миён меорад.

Бинобар ин зарур мебошад, ки вазифаи самаранокии меҳнат ва адолати иҷтимоиро дар якҷоягӣ ҳамчун як системаи ягонаи ба ҳам алоқаманд омӯхта, ҳал кардан лозим аст.

пешина
аз 512
навбатӣ