Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Сармоя - ин маблағгузории воситаҳои молиявиро барои ба даст овардани амволи моддӣ (мошина, бино ва захираҳо) ва амволи ғайримоддӣ (патент, литсензия), ё ин ки амволи молиявӣ (иштирок дар фаъолияти дигар корхонаҳо), коғазҳои қимматнок мемонанд.
Корхонаҳо маркази қарорҳои автономӣ мебошанд. Ин қарорҳо вобаста аз мавқеъ, мазмун, мақсад ва шароитҳои бозор гуногун мебошанд. Лекин дар ҳама ҳолат интихоб ва қабули қарор натоиҷи молиявӣ доранд, ки бояд ояндабинӣ карда шаванд. Ин натиҷаи ояндабинии молиявӣ имконотеро доранд, ки меъёри интихоби рафтори корхона мебошанд.
Дар амал бо ёрии сиёсати сармоягузории ташкилотҳо имконоти бартарияти инкишофи дарозмуддати иқтисодии худро амалӣ мегардонанд. Аммо ҳамаи ин дар асоси ченаки вақт, ки маҷбур месозанд, то корхонаҳо мувофиқат кунанд, амалӣ мегардад.
Баҳисобгирии силсилаи калавиши сохтори таркибии бозор -- кори хеле нозук мебошад. Бинобар ин зарур меояд, ки се қабати ахбор якҷоя карда мешаванд:
❖ нишондиҳандаҳои умумии иқтисодӣ;
❖ омори соҳавӣ;
❖ нишондиҳандаҳои корхонаҳои аниқ.
Дар адабиётҳои доир ба менеҷменти молиявӣ ва таҳлилии дақиқ соҳаҳои иқтисодӣ ба се намуд ҷудо карда мешаванд: устувор, силсилави ва инкишофёбанда. Вобаста аз ин маблағгузорӣ дар истеҳсолот ё ин ки қоғазҳои қимматнок мақсаднок мебошанд, агар:
- Фоидаи соф аз маблағгузории зерин аз фонди депозитии банк зиёд бошад.
- Даромаднокии сармоя аз дараҷаи сармоя баланд бошад.
- Даромаднокии ин лоиҳа бо назардошти омили вақт аз даромаднокии лоиҳаҳои интихоби дигар баланд мебошад.
- Лоиҳаи пешниҳодшуда дар нақшаи стратегии корхона қайд карда шудааст.
Маълум аст, ки сармоя ҷараёни дурударози вақт аст, бинобар ин менеҷери бахши молияро зарур мебошад, ки ҳангоми таҳлили лоиҳаҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо