Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз нуқтаи назари менеҷменти замонавӣ шаклҳои зерини идоракунии таваккал ҷудо карда мешаванд: активӣ, мувофиқшаванда, устувор.

Шакли фаъоли идоракунӣ - омилҳои таваккал, ин истифодаи максималин ахбор ва воситаи идоракунӣ барои паст кардани дараҷаи таваккал мебошад. Дар ин шакл идоракунии таъсири асосиро омилҳо ва ҳодисаҳои ҳаётӣ муайян месозанд.

Шакли мувофиқшавандаи идоракунӣ таваккал дар асоси қоидан интихобӣ «аз бало ҳазар», ба қоидаи мувофиқшавандаи ҳолати пайдошуда.
Ҳангоми ин шакли идоракунӣ таъсири асосиро фаъолияти хоҷагӣ мерасонад.

Шакли устувори идоракунӣ - омили таваккал мазмуни онро доранд, ки сардор қафо мондааст.

Усулҳои асосии кам кардани таваккал инҳо мебошанд:
❖ баланд бардоштани дараҷаи таъмини ахбории фаъолияти хоҷагӣ;
❖ бамеъёргирии ҷамъи хароҷотҳои молиявӣ;
❖ таваккали суғуртавӣ;
❖ безараркунонӣ маблағгузорӣ ва васеъшавии шаклҳои гуногуни фаъолият;
❖ ташкили системи самараноки иқтисодӣ ва ҳуқуқии идоракунии таваккал.

Таваккалро кам кардан вақте мумкин аст, ки агар дар фаъолияти тиҷоратӣ қоидаҳои зерини эҳтиёткорӣ истифода карда шавад:
❖ доимо имкони бе таваккал кор кардан ҳаст; ❖ хоҳиши зиёд доштан ин нишонаи таваккали зиёд аст; ❖ дараҷаи таваккал кам мешавад, агар ӯ дар зери назорат бошад; ❖ барои кам шудан таваккали калон кардан зарур нест; ❖ таваккалро байни хоҳишмандон тақсим кардан мумкин аст; ❖ аз имконоти худ дида зиёд таваккал накунед; ❖ кафолати хуби зидди таваккал - худназорат ва худнигоҳдорӣ.

25.5. Стратегия ва тактикаи менеҷменти молиявӣ

Стратегияи менеҷменти молиявӣ дар идоракунии ҷараёни сармоягузории корхона зоҳир мегардад.

пешина
аз 512
навбатӣ