Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Менеҷменти таваккалӣ - ин системаи идоракунии таваккали иқтисодӣ, яъне муносибатҳои молиявие мебошад, ки дар ҷараёни идоракунӣ пайдо мешаванд (Нигаред ба расми 4).
Менеҷменти таваккалӣ ҳамчун системаи идоракунӣ аз ду зерсистема иборат мебошад:
- зерсистемаи идорашаванда (объекти идоракунӣ);
- зерсистемаи идоракунанда (субъекти идоракунӣ).
Аниқ кардан, баҳисобгирӣ, таҳлил, ва бо банақшагирии зарари имконпазир мазмуни идоракунии менеҷменти таваккалиро ташкил медиҳад. Маълум аст, ки дар ширкатҳои калони Ғарб менеҷерон барои иҷрои ин функцияашон то 45% вақти кориашонро сарф мекунанд.
[БЕМАТН]
Расми 4. Схемаи сохтори менеҷменти таваккал.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо