Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Ғаниев Т.Б.
Менеҷмент. Боби 25. Менеҷменти молиявӣ
аз даст додани бозори фурӯши мол, маҳсулот, кор ва хизматҳо, бо сабаби паст шудани сифати онҳо, сиёсати ғайрисамараноки нарх, дараҷаи пасти таҳлили маркетинг;
паст шудани даромад аз фурӯши мол ва даромаднокии сармоя, ки аз даст додани сарчашмаи молиягузорӣ ва қобилияти пардохтро ба миён оварда, ба барҳамхурии ташкилот сабаб мешавад;
паст шудани серхаридории активҳо ва баланс, афзоиши қарзҳои дебиторӣ, норасогии фондҳои гардон ва ғайра.
Дараҷаи таваккали системавӣ, агар барои ҳамаи корхонаҳо якхела бошад, дараҷаи таваккали ғайрисистемавӣ дар ҳар як ташкилот гуногун мебошад.
Дар таркиби таваккали молиявӣ шаклҳои зерини онҳо ҷудо карда мешаванд:
таваккали қарзӣ;
таваккали фоизи бонкӣ;
таваккали арзи хориҷӣ;
таваккали фоидаи аздастдода.
Таваккали қарзӣ - хатари гум кардани воситаҳои пулии ташкилот дар натиҷаи нагардонидани маблағ ва фоизи онро медонанд.
Таваккали фоизӣ - хатари гум кардани воситаҳои пулии ташкилот дар натиҷаи баланд шудани фоизи сарчашмаи восита аз фоизи воситаи ҷойгиркардашуда мебошад.
Таваккали арзи хориҷӣ - хатари гум кардани воситаҳои пулии корхона дар натиҷаи тағйир ёфтани курси бонкии арзи хориҷӣ мебошад.
Таваккали фоидаи аздастдода - хатари гум кардани воситаҳои пулии корхона дар натиҷаи ҳуҷуми зарарҳои бевосита аз ҳодисаҳо. Мисол, ҳангоми фурӯши мол ба кредит, иҷро накардани ӯҳдадориҳои пардохти мол аз тарафи харидор, дар мӯҳлати муайяншуда, ба афзоиши қарзҳои дебиторӣ оварда мерасонад.
Мақсади охирини менеҷменти молиявӣ оид ба таваккал ба функцияи соҳибкорӣ дуруст меояд, бинобар ин соҳибкор низ аз тарафи худ ҳаракат мекунад, ки доимо баланси гирифтани фоида ва дараҷаи таваккалро нигоҳ дорад.
352

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо