Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
даромад аз фурӯши арзи хориҷӣ;
воситаҳои буҷавӣ;
дигар воридот.
-
Хароҷотҳо ва ҳиссаҷудокуниҳо.
2.1. Пардохтҳои аввалиндараҷа.
2.2. Пардохти андоз ба системаи буҷавӣ.
2.3. Ҳиссаҷудокунӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ ва фондҳои ғайрибуҷавӣ.
2.4. Пардохтҳо аз рӯи хости корхонаҳо.
хароҷоти музди меҳнат;
пардохти маводи харидшуда, корҳо, хизматҳо ва ғайра. -
Ҳамагӣ хароҷотҳо.
3.1. Борзиёдии даромадҳо аз хароҷотҳо ва пардохтҳо.
3.2. Борзиёдатии хароҷот ва пардохти даромадҳо.
3.3. Боқимондаи воситаҳои пулӣ дар охири сол (+; -).
Банақшагирии оқилона, ин тартиб додани нақшаи тақвимии пардохтҳо мебошад - ҳуҷҷати молиявие, ки дохилшавӣ ва истифодабарии воситаҳои пулиро дар бар мегирад.
Тақвими пардохти таъмини молиягузории оқилона, иҷроиши ӯҳдадориҳои ҳисобӣ ва пардохтӣ, имконоти аниқ кардани воситаҳои молиявии худӣ ва зарурияти ҷалб кардани воситаҳои пулии бонкҳо, инчунин дигар ташкилотҳои берунаро муайян месозад.
Бо кӯмаки тақвими пардохти ахбори пурра оиди ҳолат ва истифодаи захираҳои молиявии корхона, пардохт ва ҳисобҳо, тартиб додани хароҷотҳо, назорат карда шуда, истеҳсол ва фурӯши мол, ҳолати захираҳо муайян карда мешаванд.
Объектҳои назорати молиявӣ инҳо мебошанд:
дуруст ва саривақт гузаронидани воситаҳо ба фонди корхона аз рӯи сарчашмаҳои муайяншудаи молиявӣ; риояи сохтори даромадҳо бо назардошти талаботҳои истеҳсолӣ ва инкишофи иҷтимоӣ; мақсаднокӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ; саривақт гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо