Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Ҳолати нишондиҳандаҳои молиявӣ.

Назорати молиявӣ дар асоси ҳаҷми фондҳои меъёрии воситаҳои пулӣ ва манбаъҳои пайдоиши онҳо ва ҳуҷҷатҳои хароҷотӣ асоснок карда мешавад.

Усулҳои асосии назорати молиявӣ инҳо мебошанд:

  1. Тафтиши саволҳои алоҳидаи фаъолияти молиявӣ дар асоси ҳисоботҳо, ҳуҷҷатҳои балансӣ ва хароҷотҳо.

  2. Таҳлили даврагӣ, ё худ солонаи ҳисоботҳо оид ба тартиботи молиявӣ, дараҷаи иҷроиши нақша.

  3. Тадқиқот - фаъолияти ҳаматарафа аз тарафи менеджменти молиявӣ бо мақсади муайян кардани захираҳо ва камбудиҳо дар бахши молиявӣ.

  4. Тафтишоти пурраи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ.

25.4. Усулҳо, қоидаҳои идоракунии фоида ва
фаъолияти ҷории менеджменти молиявӣ

Сарчашмаи асосии захираҳои молиявии ташкилотро фоида аз фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ташкил медиҳад, бинобар ин вазифаи менеджменти молиявӣ ҷустуҷӯи роҳҳои зиёд намудани фоида мебошад.

Фоида, ин фарқи байни нархи фурӯши мол ва хароҷотҳои истеҳсолию фурӯшро меноманд. Маълум аст, ки нарх дар бозор муайян гашта, аз корхона кам вобастагӣ дорад, объекти идоракунии менеджменти молиявӣ ҳаҷми маҳсулоте мебошад, ки андозаи фоидаи корхона дар ҳадди болоӣ мебошад.

Ҳолатҳое мешаванд, ки корхонаҳо бо зарар кор мекунанд. Аммо ин дар навбати аввал ҳайратовар мебошад, сабаб дар он аст, ки кор накардани корхона ва аз нав ба кор андохтани он мушкилтар аз он мебошад, ки ҷойи зарар рӯйпӯш карда шавад.

Барои ба чунин қарор ризо шудан, менеджменти молиявӣ бояд ҳаҷми хароҷотҳои доимӣ ва гардиши хислат ва хусусияти онҳоро омӯзад.

Хароҷоти доимӣ гуфта, (ҳиссаҷудокунии фарсудашавӣ, хароҷоти идоракунӣ, восита ва хароҷотҳо барои биноҳо, таъсирот ва ғайра) аз тағйирёбии ҳаҷми фоида вобастагӣ надорад.

пешина
аз 512
навбатӣ