Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

алоқамандӣ бо фондҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ (ин қисми нақша аз даромад ва хароҷотҳо иборат буда, инчунин пардохтҳои андоз ба буҷа ва дигар маблағсупориҳоро дар бар мегирад.

Қисми сеюм ва чоруми нақша ин қисмҳои баланс мебошанд.

Пардохтҳо ба буҷа ва фондҳои ғайрибуҷавӣ бояд, ки ба фарқи даромаду хароҷот бо назардошти боқия аз рӯи қарз баробар бошанд.

Баланси даромад ва хароҷот имкон медиҳанд, ки натиҷаи қарори қабулшудаи молиявии корхона муайян карда шавад, дурустии фаъолияти молиявӣ ва коэффициентҳои молиявиро ҳисоб карда, ҳаҷми зарурии фурӯши мол муайян карда шавад.

Барои осон шудани кор дар аксари ташкилотҳо илова ба нақшаи молиявӣ, ҷадвали ёрирасони шоҳмотӣ тартиб медиҳанд, ки ба таври амудӣ равияҳои истифодаи захираҳои молиявӣ ва ба таври уфуқӣ сарчашмаҳои он нишон дода мешавад.

Ин ҷадвал имкон медиҳад, ки даромаду баромад аз рӯи қисмҳои алоҳида, баланс дода шавад, захираҳо муайян карда шаванд, фондҳои воситаи пулӣ ташкил карда шаванд.

Ғайр аз нақшаи даромадҳо ва хароҷотҳо, инчунин баланси пардохт месозанд. Сохтори баланси пардохт чунин шакл дорад.

  1. Даромадҳо ва дохилшавиҳо.

1.1. Боқимондаи молиявӣ дар аввали сол.

1.2. Дохилшавии воситаҳо дар давраи ҳисоботӣ:

❖ аз фурӯши мол ва хизматҳо;

❖ аз фурӯши захираҳои моддӣ;

❖ дохилшавии пешпардохтҳо;

❖ дохилшавиҳои нақшаи ғайрифурӯшӣ;

❖ пардохти иҷора;

❖ пардохти лизингӣ;

❖ пардохти векселӣ;

❖ қарзи дебиторӣ;

❖ ёрдамҳои молиявӣ;

❖ даромад аз фурӯши қоғазҳои қимматнок, заёмҳо;

пешина
аз 512
навбатӣ