Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Қоидаҳои асосии нақшагирии молиявӣ.
- Таъмини даромаднокии максималии маблағҳои гузошташуда.
- Кам кардани мӯҳлати барқароркунии масрафҳо.
- Истифодаи молиягузории сарфакоронаи хароҷотҳои дарозмуддат.
- Баланси таваккалкорӣ.
- Баинобатгирии беқурбшавӣ.
Қоидаҳои номбаршуда чӣ дар нақшагирии стратегӣ ва чӣ дар нақшагирии ҷорӣ истифода карда мешаванд.
Нақшаи солонаи истеҳсолию молиявии ташкилот қисми таркибии нақшаи стратегии молиявӣ буда, аз ду қисм иборат мебошад:
❖ буҷаи фаъолиятӣ;
❖ буҷаи молиявӣ.
Ба таркиби буҷаи фаъолиятӣ нишондиҳандаҳои зерин дохил мешавад:
❖ буҷаи хароҷотҳо барои истеҳсолот (ҳаҷм ва миқдори истифодан захираҳо);
❖ буҷаи захираҳои моддӣ (талабот ба онҳо муайян карда мешавад, ки асосашро нақшаи истеҳсоли маҳсулот ташкил мекунанд);
❖ буҷаи фурӯш (ҷамъи маблағҳое, ки корхона метавонад, аз фурӯши мол ба даст орад);
❖ буҷаи хароҷотҳои умумии маъмурӣ;
❖ ҳисоботи ояндабинии фоида.
Буҷаи молиявӣ аз буҷаи воситаҳои пулӣ ва ояндабинии баланси даромад ва хароҷот таркиб меёбад.
Баланси даромад ва хароҷот сохтори зерин дорад:
❖ даромадҳо ва дохилшавии воситаҳо (тамоми натиҷаҳои молиявӣ, ғайр аз банк ва давлат, аз фондҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ);
❖ хароҷотҳо ва ҷудокунии воситаҳо (истифодаи натиҷаҳои молиявӣ барои такрористеҳсолӣ васеи ҳавасмандӣ, хароҷотҳои ташкилӣ ва дигар, ба даст овардани қоғазҳои қимматнок);
❖ муносибатҳои қарзӣ бо муассисаҳои бонкӣ (қисми даромад ва хароҷотҳо аз рӯи гирифтан ва баргардонидани қарз, пардохти фоизи бонк);

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо