Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарчашмаҳои молиягузориро, инчунин баҳои молиявии равияҳои асосии фаъолияти корхона ва гирифтани даромадро муайян месозад.

  1. Нақшаҳои оҷилона ин нақшаҳои кӯтоҳмуддати тактикӣ мебошанд ва бевосита барои ба даст овардани мақсади ташкилот тибқи нақшаи истеҳсоли маҳсулот, нақшаи хариди ашё ва мавод равона карда мешаванд. Нақшаҳои оҷилона қисми таркибии нақшаи солона, нақшаи шашмоҳа ва кварталӣ мебошанд.

Ҷараёни буҷакунонии корхона - кулли корҳо оид ба тартиб додани буҷаи умумӣ, оҷилона, молиявӣ, идоракунӣ ва назорати иҷроиши нишондиҳандаҳои буҷавӣ мебошад.

Буҷа гуфта, нишондиҳандаи миқдории нақшаи даромад ва баромадро дар давраи муайян, сармояи заруриро барои ноил гаштан ба ин мақсадҳо меноманд.

Нишондиҳандаҳои буҷа барои фаъолиятҳои молиявии оянда банақша гирифта мешаванд, яъне буҷа барои фаъолиятҳои оянда сохта мешавад. Аз ин ҷо мақоми буҷа ҳамчун асоси назорат ва баҳои самаранокии фаъолияти корхона мебошад.

Буҷа шакл ва намудҳои гуногун дорад.

Буҷаи алоҳида - ин молиягузории фаъолиятҳои алоҳида буда, ахбори хароҷот, ё даромади як, ё ду фаъолиятро доранд.

Буҷаи калон пурра даромаду хароҷоти корхонаро дар бар мегирад.

Мақом ва мавқеи буҷа дар системаи банақшагирии молиявӣ пурра функцияи буҷаро нишон медиҳад:

  1. Банақшагирии фаъолият, ки ба мақсадрасии ташкилотро таъмин месозад. Тартиб додани буҷа дар асоси аниқ кардан ва ҷузъикунонии нақшаҳои стратегӣ сурат мегирад.

  2. Коммуникатсия ва ҳамоҳангсозии сохторҳои таркибии ва корхонаҳои гуногун, шаклҳои фаъолияти якҷояи коргарон барои иҷрои мақсади корхона, буҷа имкон медиҳад, ки тарафҳои сусти корхона муайян карда шаванд ва сохтори ташкили корхона ба танзим дароварда шавад.

  3. Нишондигарии роҳбарони ҳамаи зинаҳои идоракунӣ барои расидан ба иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо гузошта шудааст.

  4. Назорати фаъолияти ҷорӣ, таъмини тартиботи нақшавии фаъолияти корхона.

пешина
аз 512
навбатӣ