Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Давраҳои асосии ояндабинии молиявӣ:
- Тартиб додани ояндабинии фурӯши мол, аз рӯи усулҳои оморӣ ва риёзӣ.
- Тартиб додани ояндаи хароҷотҳои ҷорӣ ва асосӣ.
- Талабот ба молияи беруна ва пайдои сарчашмаи онҳо.
Ду усули асосии ояндабинии молиявӣ ҷудо карда мешавад:
- Буҷавӣ — дар асоси концепсияи даромадҳои пулӣ тартиб дода шуда, ҳамчун расчет ба нақша-бизнеси корхона илова карда мешавад.
- Усули фоизи муайян аз фурӯш бо усули формулаҳои оморӣ ва риёзӣ.
Мақсади асосии банақшагирии молиявӣ ин таъмин намудани раванди такрористеҳсолӣ ҳаҷмӣ ва сохтори захираҳои молиявӣ. Дар ҷараёни ба ин мақсад расидан вазифаҳои зерини банақшагирии молиявӣ ҷудо карда мешаванд:
муайян кардани объекти банақшагирии идоракунӣ;
коркарди системаи нақшаҳои молиявӣ бо ҷудокунӣ нақшаҳои стратегӣ ва оҷолонаи маъмурӣ;
ҳисоби захираҳои молиявии зарурӣ;
ҳисоби ҳаҷм ва сохтори молиягузории дохилӣ ва беруна, муайян кардани захираҳо ва ҳаҷми молиягузории иловагӣ;
ояндабинии даромад ва хароҷотҳои корхона.
Асосан нақшаҳои стратегӣ, ҷорӣ ва оқилона тартиб дода мешаванд:
-
Нақшаҳои стратегӣ ин нақшаи генералии инкишофи бизнес ва сохтори дарозмуддати ташкилот аст. Раванди молиявии нақшаи стратегӣ нишондиҳандаҳои муҳими молиявии такрористеҳсол, стратегияи маблағгузорӣ ва имкони ислоҳоти сармоягузорӣ ва гункунӣ мебошад. Чунин нақшаҳо ҳаҷм ва сохтори захираҳои молиявиро барои нигоҳдории корхона ҳамчун воҳиди бизнесӣ муайян месозанд.
-
Нақшаҳои ҷорӣ — дар асоси нақшаҳои стратегӣ тартиб дода мешаванд. Агар нақшаи стратегӣ номгӯи захираҳо ва ҳаҷми онҳоро муайян созад, дар нақшаҳои ҷорӣ бошад, алоқамандии ҳар як маблағгузорӣ бо сарчашма нишон дода мешавад.
Ҳамин тариқ, банақшагирии стратегӣ агар «макросохторӣ» захираҳои молиявиро муайян созад, банақшагирии ҷорӣ бошад самаранокии ҳар як

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо