Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Усулҳои менеҷменти молиявӣ
Гузаронидани
воситаҳои пулӣ
Гардиши
сармоя барои
афзоиш
Фаъолиятҳои
қаллобӣ
Нигоҳдории
қобилияти
даромаднокӣ
карточкаи
кредитӣ,
карточкаи дебитӣ,
смарткартҳо,
варақаи супориш,
пулгузаронӣ,
аккредитив,
чекҳои
суратҳисоби
интиқоли бонкӣ,
ҳисоббаробаркунӣ
бо ҳисобҳо,
инкасса,
транспорт.
пасандоз,
иҷорапулӣ,
рента, лизинг,
трактинг,
франчайзинг,
қарзи молиявӣ,
қарзи векселӣ,
қарзи аксентӣ,
худқарздиҳӣ.
фаъолиятҳои
фарқияти курсҳо,
фарқияти
пулҳои озод,
фарқияти
арбитражи
арзӣ, фоизи
арбитраж,
қаллобии арз.
сармоя,
суғурта,
гарав,
ипотека,
диверсия,
лимит,
ахборӣ,
иловагӣ барои
худпӯшонӣ.
Расми 3. Гурӯҳбандии усулҳои менеҷменти молиявӣ.
Усулҳое, ки дар боло номбар шудаанд, менеҷменти молиявӣ бо роҳи банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ амалӣ мегардонад, ки дар мавзӯи оянда пурра дида мебароем.
25.3. Банақшагирии молиявӣ ва назорати молиявӣ
Асоси банақшагирии молиявиро дар ташкилотҳо ояндабинии молиявӣ ташкил медиҳад, яъне тартиб додани нақшаҳои стратегӣ, ҷорӣ ва оқилона. Тартиб додани буҷаи умумӣ, молиявӣ ва оқилона. Нуқтаи аввали ояндабинии молиявӣ ин ояндабинии фурӯши мол ва вобаста аз он хароҷотҳо, нуқтаи ниҳоӣ, ё худ мақсад - ин ҳисоби талабот ба молиягузории беруна мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо