Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Идоракунии молиявӣ аз рӯи вақт гузаронида мешавад. Омили вақт ҳам ба мақсад ва равиши идоракунӣ таъсири калон мерасонад.
Аз рӯи нишонаи омили вақт менеҷменти молиявӣ ҷудо карда мешавад ба менеҷменти стратегӣ ва оқилонаи тақтикӣ.
Менеҷменти стратегии молиявӣ идоракунии маблағгузорӣ аст. Ин ба мақсадҳои стратегии интихобкардаи корхона вобаста мебошад. Менеҷменти стратегии молиявӣ чунин вазифаҳоро ба дӯш дорад:
баҳои молиявии лоиҳаҳои маблағгузорӣ;
интихоби нишонҳои қабули қарори маблағгузорӣ;
интихоби муодилаи оптималии маблағгузории сармоявӣ;
интихоби сарчашмаи молиягузорӣ.
Тамоми маблағгузориҳо бо вақт мувофиқ кунонида мешаванд, бинобар ин дар менеҷменти стратегӣ ҳатман бояд омили вақт муайян карда шавад:
арзиши пул бо гузашти вақт паст мешавад;
ҳар қадар давраи маблағгузорӣ зиёд бошад ҳамон қадар дараҷаи таваккал баланд мебошад.
Менеҷменти молиявии оқилонаи тактикӣ ин идоракунии оқилонаи пули нақдро ба ӯҳда дорад.
Идоракунии пули нақд пеш аз ҳама таъмини ҳамон миқдор пуле, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои молиявии корхона зарур мебошад ва ба даст овардани даромаднокии баланд. Аз истифодаи пулҳои нақди муваққатан озодшуда се мақсади истифодаи пули нақд ҷудо карда мешаванд:
зиёд кардани суръати ҳаракати дохилшавии пули нақд;
баланд кардани суръати пардохти пулӣ;
таъмини боздеҳи ҳадди баланди маблағгузории пули нақд.
Асоси гардиши захираҳои молиявиро гардиши сармоя ташкил мекунад.
Бинобар ин мазмуни аксари усулҳои менеҷменти молиявӣ ин муносибатҳои пулӣ, вобаста аз ин муносибатҳо гардиши сармоя ва ҳаракати пул мебошад. Аз рӯи усулҳое, ки дар менеҷменти молиявӣ истифода мекунанд, онҳоро ба чор гурӯҳ муайян кардаанд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо